Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷдиди шеваи мубориза дар ҷанги Афғонистон


Гурӯҳи панҷ нафарӣ дар маркази НАТО дар Кобул, дар мавриди ҷанги Афғонистон таҷдиди назар мекунад. Ин гурӯҳ, ки ба истилоҳ "гурӯҳ сурх" ёд мешавад, мекӯшад то фасоди идориро аз байн бибарад ва дар ҷанг алайҳи Толибон дасти боло дошта бошад.

Мафкураҳои аслии ин гурӯҳ кадом аст?

Хабаргузории Ассошиатед Пресс чанд мавридро ин гуна баён кардааст:

Мубориза ба шева ғарбӣ дар кӯтоҳмуддат бенатиҷа аст

Аввал бояд пазируфт, ки фасоди идорӣ дар даруни низоми ҳукумат ба зудӣ аз байн нахоҳад рафт аз ин рӯ ба мубориза алайҳи он бояд идома дода шавад.

Дуввум бояд донист, ки фасоди идорӣ дар назари афғонҳо дар муқоиса бо ҳар чизи дигар нописандитар аст. Аз ин рӯ бояд ба мушкиле, ки рӯзмарра онҳоро мутаассир месозад расидагӣ шавад.

Ва саввум бояд мутолиъа шавад, ки Толибон дар солҳои 1990 –и мелодӣ чигуна бо додани пул ва касби ҳимоят мардум ба қудрат расиданд ва бояд аз ҳамон шеваҳо истифода шавад.

Бар асоси ин гузориш, ин масъала ҳамчунон матраҳ шудааст, ки мубориза бо фасод дар Афғонистон ба шеваи ғарбӣ дар кӯтоҳмуддат натиҷае намедиҳад.

Ассошиатед Пресс навиштааст, ки тамаркузи бештар рӯи чизе, ки барои амрикоиҳо бисёр аҳамият дорад, мисли юриш бар дафтарҳои ҳукумат ба хотири мавҷудияти фасоди идории густурда, ки сирфан ҳукумати раиси ҷумҳур Карзайро дар гӯша қарор медиҳад.

НАТО дар ин ҷанг дар ҳоли бохт аст

Бар асоси гузоришҳо, ин навъ мубориза рӯи фасоди идорӣ дар сатҳҳои кӯчак, мисли ришваситонӣ дар шоҳроҳҳо асари андаке дорад.

Ба навиштаи Ассошиатед Пресс, Толибон аз бархурди ҳукумати Афғонистон ва НАТО бо ин масъала ба нафъи худашон истифода кардаанд ва онҳо зоҳиран дар манотиқе, ки таҳти назорати онҳо аст, ҳукумати шаффофтареро эҷод намудаанд.

Ассошиатед Пресс навиштааст, ки натиҷаи кулли ин аст, ки НАТО дар ин ҷанг дар ҳоли бохт аст.

Бар асоси ин гузориш, ин хабари баде аст барои касоне, ки рӯи эҷоди стратегияи ҷадиди мубориза бо фасоди идорӣ дар Афғонистон кор мекунанд.

Аммо вазифаи "гурӯҳи сурх" тағйир додани вазъияти мавҷуда аст. Ин гурӯҳ таҳти раҳбарии рӯзмарраи ҷенерол Давид Родгерз –фармондеҳи амалиёти НАТО фаъолият мекунад.

Бар асоси ин гузориш, назариёти ин гурӯҳ дар Ироқ муассир воқеъ шудааст.

Гурӯҳе, ки тарҳи он барои аввалин бор дар иёлоти Кенсаси Амрико рехта шуда буд.

Аъзои ин гурӯҳ худро шӯришиёни корогоҳе меноманд, ки асоси муборизаашонро қудрати мағзӣ ташкил медиҳад на қудрати ҷаггӣ.
XS
SM
MD
LG