Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи интиҳории нав дар Доғистони Русия


Дар Ҷумҳурии Доғистони Русия як бомбгузори интиҳорӣ худро мунфаҷир кардааст, ки бар асари он дасти кам 42 нафар, аз ҷумла чанд корманди милиса маҷрӯҳ шудаанд. Ин бомбгузор, муҳосираи нерӯҳои амниятиро дар шаҳри Махачқалъа рахна кардааст, ки ин нерӯҳо ба зидди тундгароёни исломӣ меҷангидаанд. Дар ин даргирӣ дасти кам ду тундравро куштаанд. Рӯзи ҷумъа дар Доғистон ҳадди аққал панҷ исломии ифротгаро, аз ҷумла як занро ҳалок карданд. Доғистон вақтҳои ахир ба саҳнаи ҷангҳои хунин миёни нерӯҳои пайрави Маскав, гурӯҳҳои ҷиноӣ ва исломгароён шудааст, ки аз Русия истиқлолият мехоҳанд.
XS
SM
MD
LG