Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмуд Аббос аз минбари СММ сухан мегӯяд


Қарор аст, имрӯз Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури фаластиниён, дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал суханронӣ кунад ва дар ҳоле, ки нигарониҳо аз бӯҳрон дар музокироти сулҳи Фаластиниёну Исроил авҷ гирифтааст. Ҳамчунин қарор аст, Маҳмуд Аббос бо Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико бори дуввум дар ҳошияи нишасти Маҷмаъи умумӣ дар шаҳри Ню Йорк гуфтӯгу кунад. Маҳмуд Аббос баъди мулоқоти аввалаш гуфт, аз музокироти сулҳ то кунун “ҳеҷ чизи наве ҳосил нашудааст.” Фаластиниён таҳдид кардаанд, ки дар сурати идома додани бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар Канораи Ғарб аз музокироти сулҳ хориҷ хоҳанд шуд. Исроил то охири ҳамин моҳ бунёди чунин шаҳракҳоро мутаввақиф кардааст.
XS
SM
MD
LG