Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Раҳмон бо Аҳмадинажод дар Ню Йорк


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, дар ҳошияи нишасти Маҷмаъи умумии Созмони Милал дар шаҳри Ню Йорк мулоқот кардааст. Ба иттилоъи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳур, ду тараф доир ба суръат бахшидан ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2, бунёди роҳҳои оҳан ва шабакаҳои интиқоли барқ, ки ду кишварро аз тариқи қаламрави Афғонистон бо ҳам васл кунад, гуфтӯгу кардаанд. Авзоъ дар Афғонистон ва масоили амнияти минтақа низ дар ин мулоқот баррасӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG