Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиносони Эрон дар андешаи рафъи вируси хатарнок


Ба гузориши матбуоти Эрон, Оҷонси энержии атомии ин кишвар талош дорад, то таъсисоти санъатиро аз вируси печидаи комютерие пок кунад, ки қодир будааст, кори нерӯгоҳи барқи атомиро ба ҳам бизанад. Хабаргузории ИСНА мегӯяд, коршиносони ҳастаии Эрон ҳамин ҳафта роҳҳои хунсо кардани вируси “Стакснест”-ро баррасӣ намудаанд, ки системҳои дохилии корхонаҳои санъатиро вайрон мекардааст. Коршиносони Олмон ин вируси хатарнокро моҳи июл ошкор карданд ва аз он замон то кунун, "Стакснет"-ро дар Эрону Индонезия, Ҳинд ва Амрико ёфтаанд. Расонаҳои хориҷӣ ҳадс мезананд, ки вируси “Стакснет” ба хотири баҳам задани кори нерӯгоҳи барқи атомии Бушеҳри Эрон офарида шудааст, ки қарор аст, моҳи октябр ба фаъолият шурӯъ кунад.
XS
SM
MD
LG