Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Русия ба як корхонаи мӯҳтоҷи пул


Мақомоти вилояти Томски Русия ба як корхонаи чархсозӣ қарз додаанд, то музди кори чандмоҳаи коргарони бахашмомадаашро пардозад. Ҳудуди 20 нафар аз коргарони ин корхона чанде пеш бо нишони эътироз аз пардохта нашудани музди кори тақрибан ду солаи худ гуруснанишишӣ карданд. Корхонаи чархсозии Томск аз коргаронаш тақрибан 1 миллиону 400 ҳазор доллар қарздор будааст. Мақомоти Русия ба ин корхона 1 миллиону 600 ҳазор доллар қарз додаанд, то маоши коргаронашро пардозад ва теъдоде аз коргарон музди кори чандмоҳаашонро гирифтанд, ки аз ҳар кадомӣ бештар аз 130 ҳазор рубли русиро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG