Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми додгоҳи шаҳри Норак, ки эътирозҳои даҳҳо сокини маҳаллиро ба бор оварда буд ва боиси барканории сардори ШКД-и Норак аз мақомаш шуда буд, бекор карда шуд.

Додгоҳи вилояти Хатлон бо даъвои вакилони мудофеъи ҳуқуқи панҷ ҷавони маҳкумшудаи норакӣ, дар ҳукми додгоҳи зинаи аввал таҷдиди назар кард ва онро барои баррасии дубора ба додгоҳи бетараф ирсол намуд.

Сайфиддин Муҳиддинов, додраси Додгоҳи вилояти Хатлон, ки шикояти кассатсионии афроди муттаҳамро баррасӣ мекард, дар поёни мурофиа гуфт, ҳукми додгоҳи шаҳри Норак нисбати афроди муттаҳам ноодилона буда, бояд додгоҳи холису бетараф, яъне додгоҳи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ин парвандаро муҳокима намояд.

Парвандаи баҳсбарангез

Охири моҳи август додгоҳи шаҳри Норак Давлат Амонов, Муҳиддин Шарифов, Сулаймон Нозимзода, Мақсуд Раҷабови 19-сола ва Шоҳрух Сафарови 25-соларо дар дуздии 9 мағоза ва як дорухона, ҳамчунин қасди дуздии як дӯкони дигар дар шаҳри Норак, дар шаби 5-ум ба 6-уми марти соли ҷорӣ, муттаҳам дониста, онҳоро барои аз 5 то 6 сол аз озодӣ маҳрум ва ҳамчунин ба мусодираи молу мулкашон маҳкум кард.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи яке аз афроди муттаҳам, мегӯяд, нафарони таҳти ҳимояташ, ки тоза мактаби ҳамагониро хатм кардаанд, ҳеҷ гоҳе дар содир намудани ҷиноят, аз ҷумла дуздию роҳзанӣ айбдор нашудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дуздии 10 мағозаю дорухона дар шаби 5-ум ба 6-уми март дар Норак дар мӯҳлати камтар аз се соат анҷом шудааст, ки танҳо гурӯҳҳои кордидаю таҷрибадорро даст медиҳад. Вакили мудофеъ ҳамчунин гуфт, мурофиаи додгоҳӣ низ дар Норак ғайримунсифона доир шуда буд:

«Суд бояд ки дар зинаи якуми судӣ як мавқеъи бетараф, мавқеъи беғаразиро ишғол мекард. Бояд, ки ба тамоми ваҷҳҳо, чӣ ваҷҳҳои прокурор, айбдоркунандаи давлатӣ ва чӣ далелҳои пешовардаи судшавандаҳо ва адвокатҳои онҳо, объективона баҳо медод. Ба мо ҳам бояд имконият медод, ки дар доираи мубоҳиса, баробарии тарафҳоро таъмин мекард, он далелҳое, ки оид ба, масалан, тасдиқ кардани бегуноҳии судшаванда, шароит фароҳам меовард, ки ин ҳама объективона баррасӣ шавад. Аммо, мутаассифона, чунин нашуд…»



Зарардида: "Сад дар сад мутмаин нестам"


Дар ҳамин ҳол, Сабоҳат Раҳмонова, соҳиби яке аз фурӯшгоҳҳое, ки молу маҳсулоташ дуздида шудааст, дар додгоҳи таҷдиди назар дар Қӯрғонтеппа гуфт: «Сад дар сад мутмаин нестам, ки маҳз ҳамин панҷ ҷавон молу колои мағозаамро рабудаанд, аммо аз ин амали ҷинояткорон хисороти қобили мулоҳиза бардоштааем ва аз додгоҳу додситонӣ тақозо мекунем, ки дар барқарор кардани маблағи рабудашуда мусоидат кунанд…»

Дар пайи чунин тақозоҳои соҳибмулкони мағозаҳои Норак, 25-уми августи имсол додгоҳи маҳаллӣ панҷ ҷавонро ба дуздии ин амвол айбдор дониста, равонаи зиндон карда буд.

Эътирози мардум аз ҳукми додгоҳ

Эълони ҳукми додгоҳи Норак нисбат ба ҷавонони муттаҳам ба дуздии силсилавӣ, норизоии сокинони маҳаллиро ба бор овард. Гирдиҳамоие, ки дар он ҳудудан 200 нафар ширкат варзиданд, ба мавҷи бетартибиҳо расид. Ҷамъомадагон бинои додгоҳи Норак ва мошинҳои атрофи сохтмонро сангборон карданд.

Ходимони маҳаллии милиса натавонистанд мустақилона ба хатми бетартибиҳои оммавӣ муваффақ шаванд ва барои таъмини тартибот зарурати ҷалби нерӯҳои интизомии шаҳри Душанбе низ ба миён омада буд.

Дар пайи ин рӯйдодҳо сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Норак Анвар Тошев аз мақомаш барканор гардид.

Бад-ин тартиб, ояндаи наздик додгоҳи ноҳияи Ёвон баррасии ин парвандаи пурсарусадои 5 ҷавони норакиро аз сар хоҳад гирифт. Аммо то он замон афроди муттаҳам рӯзҳои худро дар маҳбаси муваққат сипарӣ хоҳанд кард. Зеро додгоҳи вилояти Хатлон бо вуҷуди бекор кардани ҳукми додгоҳи шаҳри Норак, ба ин қарор расид, ки гумонбарон бояд мувақатан дар маҳкама нигаҳдорӣ шаванд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG