Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон - ниҳоди олии қонунгузории кишвар бо гузашти як ҳафта аз ҳодисаи ҳалокати 25 нафар сарбозу афсари тоҷик ва дар пайи он ба нооромӣ печидани қисмате аз манотиқи шарқии ин кишвар ҳеҷ гуна вокуниш нишон надодааст.

Бархе аз вакилони алоҳида дар сӯҳбатҳои расонаӣ дар мавриди ин ҳодисаи ваҳшатнок мавқеи худро баён доштанд, вале худи парлумон - мақоме, ки аз намояндаҳои мардум ва ё тавре дигар аз интихобкардаҳои халқ таркиб ёфтааст ва раиси он Шукурҷон Зуҳуров, ки намояндаи мардумӣ аз ноҳияи Рашт мебошад, то кунун изҳороте дар ин робита пахш накардааст.

Вакил: Парлумон чунин таҷрибаро надорад

Ин дар ҳолест, ки дар шароити ҳамсон дар кишварҳои дигар парлумон нафари масъул барои мисол вазир ва ё раиси кумитаро фаро хонда қазияро баррасӣ ва мавқеи худро рӯшан кунад.

Муҳаммадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, мегӯяд, дастури эъзоми нерӯи низомӣ ба ин ва ё он минтақа ва пеш бурдани муборизаи мусаллаҳона дар Тоҷикистон дар ихтиёр ва салоҳияти раисиҷумҳур аст ва парлумони кишвар таҷрибаи муҳокимаи чунин амалҳоро надорад.



Вале бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки бетарафӣ ва нодидагирии чунин ҳодисаҳо аз сӯи парлумони Тоҷикистон ба як одати маъмулӣ табдил ёфтааст. Ва парлумон тавре ба қазия ва иттифоқоти муҳими кишвар бархурд мекунад, ки ба он рабт надошта бошад.

Худсонсурии парлумонӣ

Хуршеди Атовулло, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж», мегӯяд, парлумон низ ба мисли бархе аз васоити мустақили ахбори омма ба худсонсурӣ рӯ овардааст.



Ин ҳам дар ҳолест, ки Зиёратшо Саъдуллоев, як тан аз вакилони Маҷлиси намояндагон, ки дуруст як ҳафта пеш аз вуқӯи ҳодиса дар дараи Камароби ноҳияи Рашт бо интихобкунандагони худ дидору мулоқот анҷом додааст, мегӯяд, дар ҷараёни сӯҳбат бо мардум эҳсос мегардид, ки онҳо дар ташвишанд. Вале ба онҳо итминон дода шудааст, ки ҳукумат метавонад амният ва осоиши онҳоро ҳифз ва таъмин кунад.

Бо ин ҳол коршиносон таъйид мекунанд, ки ҳодисаи ахири рухдода дар шарқи Тоҷикистон танҳо рӯйдод ва иттифоқоти ҷиддие нест, ки Маҷлиси намояндагон дар баробари он бетарафӣ зоҳир карда бошад. Ба бовари ин коршиносон иллати аслии бетарафӣ ва нодидагирии чунин иттифоқот аз сӯи парлумон он аст, ки дар интихоби онҳо на мардум, балки ҳокимияти иҷроия нақши асосӣ бозидааст.

Аз ин рӯ, мегӯянд ин коршиносон, парлумон наметавонад фаъолияти ҳокимияти иҷроия ва амалкарди онро мавриди муҳокима ва зери шубҳа қарор бидиҳад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG