Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як хабарнигори боздоштшуда маҳбасро тарк намуд


Имрӯз боз як хабарнигори қаблан аз сӯи низомиёни Эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон боздоштшуда маҳбасро тарк намуд. Раҳматулло Некзод, наворбардори шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” ва хабарнигори Ассошейтед Пресс, дар шаҳри Ғазнӣ, воқеъ дар шарқи Афғонистон, бо иттиҳоми тарғибу ташвиқи "Толибон" боздошт шуда буд.
Аз ин пеш Муҳаммад Нодир, наворбардори дигари “Ал-Ҷазира”, ки ӯро нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ дар шаҳри Қандаҳор бо гумони тарғибот ба манфиати “Толибон” боздошт карда буданд, раҳо карда шуда буд.
Боздошти хабарнигорон боиси эътирози кормандони расонаҳои Афғонистон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар гардид. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай даъват кард, ки хабарнигорон ҳарчӣ зудтар раҳо карда шаванд.
XS
SM
MD
LG