Пайвандҳои дастрасӣ

ВУД хабари даргириҳо дар Раштро рад кард


Тоҳир Норматов, раиси ситоди вазорати умури дохилии Тоҷикистон, хабарҳо дар бораи бар асари амалиёти низомӣ дар Рашт кушта шудани боз се мусаллаҳи мухолифи ҳукумат ва ҷароҳат бардоштани се сарбози ҳукуматиро рад кард. Низомии воломақом ба хабаргузории "Азия плюс" гуфтааст, ки айни ҳол дар Рашт ва атрофи он корҳои ҷустуҷӯиву тафтишотӣ идома доранд ва, аз ҷумла, ҷиноёти содиркардаи гурӯҳи Мирзохуҷа Аҳмадов ва дигарон сабт карда мешавад.
Имрӯз хабаргузории Интерфакс бо такя ба манбаъи мӯътамади худ дар ситоди фаврии амалиёт иттилоъ дод, ки бар асари задухӯрд дар Рашт се сарбози нерӯҳои ҳукуматӣ ҷароҳат бардоштанд. Айни ҳол, ба гуфтаи ин манбаъ, ба ҳаёти маҷрӯҳон хатаре таҳдид намекунад. Интерфакс хабар додааст, ки дар амалиёт ҳамчунин 3 мусаллаҳи мухолифи ҳукумат кушта шудаанд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 19 сентябр бар асари ҳамла ба корвони мошинҳои низомии горди миллии Тоҷикистон дар дараи Камароб, 28 нафар кушта ва 12 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Низомиён барои ҷустуҷӯи 19 маҳбусе сафарбар шуда буданд, ки шаби 23 август аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фирор карда буданд.
Ба иттилоъи Интерфакс, рӯзи чаҳоршанбе дар як амалиёти вижаи нерӯҳои ҳукуматӣ дар ноҳияи Рашт панҷ нафар кушта ва панҷ тани дигар боздошт шуда буданд.
Хабаргузориҳо навиштаанд, ки дар чаҳорчӯби амалиёти вижа макони будубоши мухолифин дар дараву деҳаҳои матрук мушаххас карда мешавад. Ҷустуҷӯи Абдулло Раҳимов, Мирзоҳуҷа Аҳмадов, Аловиддин Давлатов ва ҷонибдорони онҳо идома дорад. Мақомоти Тоҷикистон ин се нафарро дар ҳамла ба корвони мошинҳои низомӣ дар дараи Камароб айбдор мехонанд.
XS
SM
MD
LG