Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари сарбоз: "Писарам се рӯз боз беҳуш аст"


Ҳабибулло Намозов, сарбози маҷруҳ
Ҳабибулло Намозов, сарбози маҷруҳ

Вазъи ду нафар аз аскарони захмии ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ дар Камароб, ки дар бемористони Қаряи боло таҳти назорати табибон қарор доранд, сангин унвон мешавад. Табибон дидорбинӣ ва суҳбат бо маҷрӯҳонро қатъиян манъ кардаанд. Модарони ин аскарон мегӯянд, фарзандонашон ҳануз ба ҳуш наомадаанд.

Вақте мо бо қасди аёдати аскарони маҷрӯҳ вориди бемористони Қаряи боло шудем, дар назди шӯъбаи 7-ум пайвандону наздикони маҷрӯҳон ҷамъ омада буданд. Якчанд корманди мақомот бо либоси шаҳрвандӣ низ дар назди ин шӯъба рафту омад дошатанд ва ба назар мерасид, ки аз вуруди афроди ношинос ба утоқи беморон ҷилавгирӣ мекарданд.

Азбаски табибон ҳамагуна сӯҳбату мулоқот бо аскарони маҷруҳро манъ карда буданд, мо натовинестем ба утоқи онҳо ворид шавем. Вале ба мо иҷоза доданд, ки бо волидону пайвандони аскарони маҷрӯҳ ҳамсӯҳбат шавем ва ин ҳам ба шарте, ки ҷузъиёти ҳамларо матраҳ накунем.

Шамсиниссо Ҳабибуллоева, модари сарбози маҷруҳ
Шамсиниссо Абдуллоева, модари Ҳабибулло Намозов аскарони маҷрӯҳ, бо гиря дар гулӯ дар бораи фарзандаш нақл кард. ӯ гӯфт, ин сӯҳбат як рӯз қабл аз ҳамлаи хунин сурат гирифта буд ва писараш бо сабаби номаълум нахост дар бораи ҷои будубоши худ иттилоъ диҳад. Ҳабибулло Намозов, зодаи ноҳияи Сарбанд аст ва 21 сол дорад. Ӯ ним сол боз дар артиши кишвар адои хизмат мекард.

Хонум Шамсиниссо мегӯяд, бо фарзандаш то ҳол сӯҳбат накардааст, зеро ӯ тавони сухан гуфтан надорад. Ба нақли ӯ, фарзандаш бо тани пур аз хумпораҳо ба бемористон оварда шудааст ва пас аз ҷарроҳӣ ӯ аз гурда ва рудаҳои борик маҳрум шудааст. Сутунмуҳраи Ҳабибулло низ аз хумпораҳо захми ҷиддӣ дидааст.



Мавлуда Додокалонова, модари сарбоз Мусалмонқул Додокалонова
Мавлуда Додокалонова, модари Мусалмонкул Додокалонов, аскари дуввуми маҷруҳ аст, ки дар як утоқ бо Ҳабибулло Намозов табобат мешавад. Вазъи сиҳатии ӯ низ сангин хонда мешавад. Ин сарбоз ҳамагӣ 18 сол дорад.

Хонум Додокалонова пас аз шунидани хабари ҳамла ба сарбозон дар Камароб аз ноҳияи Ашт ба Душанбе омадааст. Вай се рӯз боз шабурӯз дар канори фарзанди маҷруҳаш аст ва дар ин муддат бо ӯ танҳо бо имову ишора сӯҳбат мекунад. Тани Мусалмонкул Додокалонов пур аз пайи хумпораҳост ва сару рӯи ӯ низ захм бардоштааст.

Ба гуфтаи пайвандони сарбозони маҷрӯҳ панҷ нафари дигари захмиҳо феълан дар бемористони Кумитаи амният таҳти назорати пизишкон қарор доранд. Вазъи онҳо беҳтар гуфта мешавад. Аммо вуруд ба ин бемористон низ барои хабарнигорон манъ аст.

Ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи ношинос ба нерӯҳои давлатӣ рӯзи 19-уми рух дода буд. Нерӯҳои давлатӣ соати тақрибан 12-30 байни рустои Навобод ва дараи Камароби ноҳияи Рашт, тақрибан 185-километрии шарқи Душанбе, ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд. Бино ба иттилои мақомоти расмии Тоҷикистон, дар ин ҳамла 25 сарбоз кушта ва 10 сарбоз захмиӣ шудаанд. 3 нафари дигар дертар дар Бемористони марказӣ дар шаҳри Душанбе ҷон доданд.
XS
SM
MD
LG