Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гелонӣ "духтари миллат"-ро ба ватан оварданист


Мақомоти Покистон аз ҳукми додгоҳи ИМА, ки бар пояи он як хонуми покистонӣ бо иттиҳоми сӯиқасд ба ҷони низомиёни амрикоӣ барои 86 сол маҳкум ба зиндон шудааст, изҳори дилсардӣ карданд. Юсуф Ризо Гелонӣ, сарвазири Покистон, Офия Сиддиқиро “духтари миллат” номид ва изҳор намуд, ки маъракаи ба ватан баргардонидани ӯро шурӯъ мекунад.
Офия Сиддиқӣ, ки таҳсилкардаи донишгоҳи Амрикоист, ду сол пеш дар Афғонистон боздошт шуда буд. Рӯзи панҷшанбе додгоҳи ИМА ӯро дар ҳамла ба афсари амрикоӣ ва талоши оташ кушодан сӯи низомиён ҳангоми бозпурсӣ муттаҳам кард. Дар Қарочӣ ва чанд шаҳри дигари Покистон намоишҳои эътирозӣ алайҳи ҳукми додгоҳи амрикоӣ дар баробари Сиддиқӣ баргузор шуданд.
XS
SM
MD
LG