Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интерфакс:Дар Рашт се тан аз мухолифин кушта шудаанд


Бар асари амалиёти вижа дар минтақаи Рашти Тоҷикистон се сарбози нерӯҳои ҳукуматӣ ҷароҳат бардоштанд. Як манбаъи хабаргузории Интерфакс дар ситоди фаврии амалиёт гуфтааст, ки ба ҳаёти маҷрӯҳон алҳол хатаре таҳдид намекунад. Ӯ афзудааст, ки дар амалиёт ҳамчунин се тан аз мусаллаҳони мухолифи ҳукумат кушта шудаанд.
Рӯзи 19 сентябр бар асари ҳамла ба корвони мошинҳои низомии горди миллии Тоҷикистон, ки ҷониби маркази ноҳияи Рашт ба мерафт, 28 нафар ба ҳалокат расида ва 12 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Низомиён барои ҷустуҷӯи 19 маҳбусе сафарбар шуда буданд, ки шаби 23 август аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикитстон фирор карда буданд.
Ба иттилоъи Интерфакс, рӯзи чаҳоршанбе дар як амалиёти вижаи нерӯҳои ҳукуматӣ дар ноҳияи Рашт панҷ нафар аз мусалалҳони мухолифини ҳукумат кушта ва панҷ тани дигар боздошт шуда буданд.
Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар чаҳорчӯби амалиёти вижа макони будубоши мухолифин дар дараву деҳаҳои матрук муқарар карда мешавад. Ҷустуҷӯи Абдулло Раҳимов, Мирзоҳуҷа Аҳмадов, Аловиддин Давлатов ва ҷонибдорони онҳо идома дорад. Мақомоти Тоҷикистон ин се нафарро дар ҳамла ба корвони мошинҳои низомӣ дар дараи Камароб айбдор мехонанд.
XS
SM
MD
LG