Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии САҲА аз таъқиби хабарнигорон дар Ӯзбакистон


Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз таъқиби хабарнигорон дар Ӯзбакистон нигарон аст. Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот, дар як изҳорот ба “фишори бераҳмонаи мақомоти додгоҳӣ болои хабарнигорони мустақили Ӯзбакистон” ишора кардааст. Ӯ дар як номи унвонии вазири умури хориҷии Ӯзбакистон Владимир Норов аз сарнавишти хабарнигорон Абдумалик Бобоев ва Владимир Березовский, ки алайҳи онҳо бо иттиҳоми тӯҳмат парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, изҳори ташвиш кардааст. Миятович дар номааш аз маҳкум ба зиндон шудани се хабарнигор – Дилмурод Сайид, Солиҷон Абдураҳмонов ва Хайрулло Ҳамидов низ ёдовар шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG