Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар бозии ниманиҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё, ки 24-уми сентябр дар Маркази тамринии ҷавонони пойтахти Мянмар – шаҳри Янгон баргузор шуд, аз тими мизбон - «Яданарбон» бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрд.

Голҳоро Ян Паинг дар дақиқаи 44-ум ва Аунг Кяв Мое дар дақиқаи 77-ум ба самар расонданд.

Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи "Вахш", аз он изҳори нигаронӣ кард, ки футболбозони тоҷик аз имкониятҳои хуби голзанӣ истифода карда натавонистанд. Ду бор пас аз зарбаи капитани даста Рустам Хоҷаев (вақте ки ҳисоб 0:0 буд) ва Маҳмадалӣ Содиқов (дар дақиқаҳои охири нимаи дуввуми бозӣ) тӯб ба тири дарвоза бархӯрд.

Ҳамин тариқ, қаҳрамони футболи Тоҷикистон аз идомаи мубориза барои Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё ва мукофотпулӣ маҳрум гашт.

Воқеъан, барандаи Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё соҳиби 50 ҳазор доллар ва ба дастаи дар финал мағлубшуда 25 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.

Дар бозии ниҳоӣ, ки 26-уми сентябр баргузор мешавад, дастаи мизбон – «Яданарбон»-и Мянмар бо дастаи «Дордой»-и Қирғизистон рақобат хоҳад кард. Қаҳрамони Қирғизистон дар бозии ниманиҳоӣ МТТУ - Донишгоҳи байналмилалии Туркманистону Туркияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Голҳоро Дэвид Тетте дар дақиқаи 70-ум ва Мирлан Мурзаев дар дақиқаи 71-ум ба самар расонданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG