Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як тифл дар инфиҷоре дар Балх


Бар асари таркиши мошини ҳомили маводи мунфаҷира дар вилояти Балх, воқеъ дар шимоли Афғонистон, дасти кам як тифл кушта шуда, чандин нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Абдул Рауф Тоҷ, афсари полиси вилояти Балх гуфт, як маргталаб мошинро дар роҳ дар ҳоле мунфаҷир намуд, ки корвони мошинҳои НАТО наздик меомад.
Дар бораи он ки дар ин ҳодиса ба низомиёни Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони НАТО осебе расидааст ё не, алҳол иттилоъе зери даст нест.
XS
SM
MD
LG