Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду фикри ба ҳам муқобили ҳомиёни ҳуқуқи қирғиз


Додситонии кулли Қирғизистон дар арафаи интихоботи навбатӣ алайҳи қонуншиканиҳо дар интихоботи парлумонӣ ва президентии гузашта парвандаҳои ҷиноӣ боз кардааст.

Бино ба додситонии кулли Қирғизистон интихоботи парлумонии соли 2007 ва интихоботи президентии соли 2009 бо қонуншиканиҳои зиёд ҳамроҳ будааст. Тибқи созиши пешакӣ, ки таъмини бартарияти як идда аҳзоби сиёсиро мадди назар доштааст, дар шумори баргаҳои раъйдиҳӣ ба вайронкорӣ роҳ додаанд.

Ба таъкиди ин манбаъ дар натиҷа як гурӯҳ номзадҳо, ки мебоист курсиҳои парлумонро ишғол мекарданд, аз ҳаққи мандати депутати парлумон маҳрум гардидаанд. Дар пайи он 23 июли соли 2009 Қонуни асосии ин кишвар ва Кодекс дар бораи интихоботҳо риоя нашудааст ва қисмати аъзами баргаҳои раъйдиҳӣ ғайриқонунӣ ба манфиати Қурмонбек Боқиев шумурда шудаанд.

Нодида гирфитани қонуншиканиҳо - боиси суқути ҳукумати Боқиев

Ба гуфтаи ин Динора Ашурохунова, раҳбари эътилофи «Барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ" дар мавриди қонуншиканиҳои зиёд дар интихоботҳои парлумониву президентии гузашта созмонҳои ҳуқуқи башар фавран садо баланд карда буданд, вале Додситонии кул ин сару садоҳоро нодида гирифт ва дар муқобили он ягон чораҷӯӣ накард.

Динора Ашурохунова мегӯяд, тибқи мушоҳидаҳои ҳомиёни ҳуқуқи башар дар ду интихоботи гузашта ҳуқуқи раъйдиҳандагони зиёд зери по шуд ва ба ин далел эътимоди мардум ба ҳукумати пешини Боқиев беш аз пеш коҳиш дид. Гуфта шуд, ки оқибатҳои ногувори ин қонуншиканиҳо ба суқути низоми Боқиев дар моҳи апрели соли равон оварда расонд.

Ба таъкиди Динора Ашурохунова ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи қонуншиканиҳо дар ду интихоботи гузашта бояд барои афроде дарси ибрат шавад, ки мехоҳанд дар интихоботи парлумонии 10 октябр аз захираҳои идорӣ истифода кунанд.

Бино ба суханони раҳбари эътилофи «Барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» имрӯз дар раъси ҳукумати Қирғизистон як гурӯҳ одамони нав омадаанд ва онҳо бояд орзуву омоли мардуми кишварашро бароварда созанд, дар акси ҳол такрори сарнавишти низоми Боқиев аз эҳтимол холӣ нест.

Оғои парванда - амали дермонда


Аммо Турсунбек Охун, Омбдусмени Қирғизистон, таҳқиқи қонуншиканиҳо дар ду интихоботи пешин ва ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ аз тарафи Додситони кулли кишварашро як амали дермонда унвон кард ва афзуд, ки тасмими додситонии кулл ҳаргиз ба манфиати кор нахоҳад буд.

Ба гуфтаи Турсунбек Охун ҳар як амали бад бояд дар вақти худ бозрасӣ гардад ва афроди муртакиб ба ҷиноят ба ҷазо кашида шаванд.

Вай мегӯяд, дар интихоботи парлумонии соли 2007 Ҳизби «Ата Мекен» низ дар радифи Ҳизби ҳукмрони «Ақ Жол» шумори бештари овозҳоро ба даст оварда буд, вале бо айби комиссияи марказии интихобот ва ҳавзаҳои раъйдиҳӣ натиҷаҳои ин интихобот аз мардум пинҳон дошта шуд. Турсунбек Охун гуфт, изҳороти ӯро он замон касе шунидан нахост. Омбдусмени қирғиз мегӯяд, ба ҳар сурат ифтитоҳи парвандаҳо алайҳи қонуншиканӣ дар интихоботҳои даврони Боқиевро як амали қасосгирона аз сӯи ҳукумати вақти кишвараш арзёбӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки 29 ҳизби сиёсии Қирғизистон барои ишғоли курсиҳои парлумони ин кишвар байни ҳам сабқат доранд. Дар ҳамин ҳол маъракаҳои таблиғоти барномаҳои пеш азинтихоботӣ дар ҳоли авҷ аст. Интизор меравад, ки яке аз ин курсиҳои парлумонро дар бист соли ахир намояндаи тоҷикон низ ишғол хоҳад кард. Равшанбек Собиров, раиси созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ худро аз Ҳизби «Ата Мекен» номзад пешбарӣ кардааст ва тибқи хабарҳои расида дар минтақаи ҷануби кишвараш, ки бештар аз панҷоҳ ҳазор тоҷиктаборон ба сар мебаранд, бо раъйдиҳандагон вохӯриву мулоқотҳо баргузор мекунад.
XS
SM
MD
LG