Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Рашт се сарбози ҳукуматӣ маҷрӯҳ шуданд


Дар амалиёти вижа дар минтақаи Рашти Тоҷикистон се сарбози нерӯҳои ҳукуматӣ ҷароҳат бардоштанд. Хабаргузории ИТАР-ТАСС бо такя ба манобеъи худ дар ҷойи ҳодиса иттилоъ дод, ки дар зарухӯрдҳо дасти кам 8 тан аз мусаллаҳони мухолифи ҳукумат кушта шудаанд. Ба иттилоъи манбаъи ин хабаргузорӣ, дар чаҳорчӯби амалиёти вижа макони будубоши мухолифин дар дараву деҳаҳои матрук муқарар карда мешавад. Ҷустуҷӯи Мулло Абдулло, Мирзоҳуҷа Аҳмадов, Аловиддин Давлатов ва ҷонибдорони онҳо идома дорад.
Хадамоти вижаи Тоҷикистон ин се нафарро дар ҳамла ба корвони мошинҳои низомӣ дар дараи Камароб айбдор карданд. Дар ин ҳамла, тибқи иттилои ахир, 28 афсару сарбоз кушта шуда, 15 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG