Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теҳрон барои идомаи музокирот бо Ғарб омода аст


Музокироти байнулмилалӣ оид ба барномаи ҳастаии Эрон шояд моҳи октябр аз сар гирифта шавад. Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии ҷопонии TBS, гуфт, ки эҳёи гуфтушунидро баъйид намедонад. Зимни суханронӣ дар иҷлосияи Маҷмааи Кулли Созмони Милал низ Аҳмадинажод гуфт, ки Теҳрон барои музокирот “дар пояи эҳтироми ҳамдигар” омода аст. Рӯзи панҷшанбе Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, аз Эрон даъват намуд, ки аҳдофи сулҳомез доштани барномаи ҳастаии худро собит кунад. Ӯ гуфт, "ИМАва ҷомеъаи байнулмилалӣ роҳҳои аз байн бурдани тафриқа бо Эронро меҷӯянд ва агар Эрон инро мехоҳад, дарҳо барои дипломатия бозанд. Ва аммо ҳукумати Эрон бояд собитқадамӣ ба ӯҳдадориҳои худро рӯшан намоиш диҳад, ки ҳадафи сулҳомези барномаи ҳастаияшро собит кунад".
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфт, нишонаҳое ҳастанд, ки Эрон пешниҳодҳои ахири панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмонро ҷиддӣ баррасӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG