Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наворбардори "Ал-Ҷазира" озод карда шуд


Дар Афғонистон наворбардори шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира”, ки дар тарғибу ташвиқи ҷунбиши “Толибон” гумонбар мешуд, аз ҳабс раҳо гардид. Муҳаммад Нодир аз сӯи нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ дар шаҳри Қандаҳор боздошт шуда буд. Қаблан бо ҳамин иттиҳом наворбардори дигари “Ал-Ҷазира” ва як хабарнигори ширкати телевизионии маҳаллӣ ҳам дастгир шуда буданд. Ин боздоштҳо боиси эътирози кормандони расонаҳои хабарии Афғонистон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар гардид. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай даъват кард, ки хабарнигорон ҳарчӣ зудтар раҳо карда шаванд.
XS
SM
MD
LG