Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 24-уми сентябр, дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар бозии ниманиҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё дар Мянмар бо тими мизбон - «Яданарбон» рақобат мекунад.

Даври ниҳоии Ҷоми раиси AFC, ки аз рӯи аҳамият севумин сабқати қитъавии бошгоҳӣ маҳсуб мешавад, аз 24-ум то 26-уми сентябр дар пойтахти Мянмар - шаҳри Янгон баргузор мешавад.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ шоми имрӯз дар Маркази тамринии наврасони Янгон дастаҳои «Дордой» (Қирғизистон) ва МТТУ (Туркманистон) барои ба финал баромадан талош мекунанд.

Ҳайати дастаи «Вахш» дар даври ниҳоии Ҷоми раиси AFC:
дарвозабонҳо: Фарҳод Юлдошев, Саидҷон Саидраҳмонов;
ҳимоятгарон: Субҳон Хоҷамов, Акмал Сабуров, Алексей Неъматов, Асадулло Нуруллоев, Меҳроб Заҳурбеков;
нимҳимоятгарон: Баҳодур Шарифов, Абдуқаюм Қарабоев, Умедҷон Шарифов, Камолҷон Ортиқов, Рустам Хоҷаев, Маҳмадалӣ Содиқов, Ҷамолиддин Зардиев;
ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Рустам Усмонов, Фирдавс Файзуллоев.
Раҳбарияти даста: Исроил Шарифов – раиси бошгоҳ; Аслиддин Ҳабибуллоев – сармураббӣ; Салоҳиддин Ғафуров – мураббии мушовир.

Ёдовар мешавем, ки «Вахш» моҳи майи соли равон дар сабқати гурӯҳӣ дар Янгон бомуваффақият ҳунарнамоӣ карда, бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб карда буд. Футболбозони тоҷик бар дастаҳои «Ренаун» (Шри-Ланка) бо ҳисоби бузурги 6-0, «Озмоишгоҳи Хон» (Покистон) – 1-0, «Нагакорп» (Камбоҷа) – 3-0 пирӯз шуда буданд. Аз 10 голи «Вахш» 5-тоашро Рустам Усмонов ба самар расондааст.
Ба барандаи Ҷоми раиси AFC, ки 26-уми сентябр дар бозии ниҳоӣ муайян хоҳад шуд, 50 ҳазор доллари ИМА ва ба дастаи дар финал мағлубшуда 25 ҳазор доллари амрикоӣ супурда хоҳад шуд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми раиси AFC:
2005 (Катманду, Непал). «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) – «Дордой-Динамо» (Қирғизистон) – 3:0.
2006 (Кучинг, Малайзия). «Дордой-Динамо» – «Вахш» (Тоҷикистон) – 2:1, дар замони изофӣ.
2007 (Лоҳур, Покистон). «Дордой-Динамо» – «Непал Полис Клаб» (Непал) – 2:1.
2008 (Бишкек, Қирғизистон). «Регар-ТадАЗ» – «Дордой-Динамо» – 1:1, аз рӯи пенолти – 4:3.
2009 (Турсунзода, Тоҷикистон). «Регар-ТадАЗ» – «Дордой-Динамо» – 2:0.
2010 (Янгон, Мянмар). ???
XS
SM
MD
LG