Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз "зуҳури" Мулло Абдулло дар Бадахшон


Аҳзоби сиёсӣ дар Бадахшон аз эҳтимоли пайдо шудани шабаҳи Мулло Абдулло дар кӯҳҳистонҳои Помир нигаронанд. Алим Шерзамонов, раиси ҲСДТ дар Бадахшон мегӯяд, таҳаввулоти Рашт водор мекунад, то аз эҳтимоли зуҳури Муло Абдулло дар Бадахшон низ андеша шавад.

Вай мегӯяд, шабаҳи Мулло Абдуло соли гузашта бар асари ҳаводис дар минтақаи Тавилдара буруз карда, пас аз ба ҳалокат расидани собиқ фармондеҳи мухолифин Мирзо Зиёев ва чанд тани афроди мусаллаҳи дигар, ки зархаридони хориҷӣ унвон шуданд, то андозае хомӯш шуд.

Таъқиби собиқ размандагони мухолифин афзудааст

Аммо ба дунболи фирори зиндониён аз маҳбаси Вазорати амният ва мавриди ҳамла қарор гирифтану кушта шудани сарбозони вазорати дифоъи кишвар, қазияи мавҷудияти Мулло Абдулло дар кӯҳҳои минтақаи Рашт дубора сари забон гардид.

Ба гуфтаи раиси ҲСД дар Бадахшон, дар ҳоле, ки ҳанӯз ҳуввияти ҳамлагарон ба сарбозони вазорати дифоъ ошкор ва онҳо дастгир нашудаанд, таъқибу фишор ба собиқ размандагони мухолифин дар минтақа афзоиш ёфта, бархеи онҳо ба даст доштан дар ин ҳодисот айбдор мегарданд.

Вай мегӯяд, аз эҳтимол дур нест, ки нерӯҳҳои ҳукуматӣ пас аз ин, ба ҷустуҷӯи Мулло Абдулло ва фирориён дар кӯҳҳои Бадахшон хоҳанд пардохт.

Алим Шерзамонов вазъи бавуҷудомада дар минтақа Раштро нишонаи бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар мешуморад.

Ба фикри муовини раиси бахши вилоятии ҲНИТ Сабзалӣ Мамадризоев, ҳар як ангеза метавонад, баҳонае барои ташаннуҷи авзоъ дар минтақа гардад.

Алим Шерзамонов
Мардум бояд ба эҳсосот дода нашавад

Аммо ба фикри вай, вазифаи афрод ин аст, ки ба ангеза роҳ надиҳанд ва ҳукумат бояд барои ҷалби таваҷҷуҳи бештари мардум ба ҳаёти осоишта, амали сохтани барномаҳои иҷтимоиро дар минтақа идома диҳад.

Дар ҳамин ҳол намояндагони табақаҳои ҷамъияти шаҳр тайи баргузории мулоқот бо масъулини мақомоти шаҳру вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба бефаъолиятӣ ва кӯшиши бар тани ҳодисаҳои авбоши пӯшонидани ҷомаи сиёсӣ муттаҳам карданд.

Аммо собиқ мухолифин дар Бадахшон аз ҳар гуна изҳори назар дар мавриди ҳодисоти ахири Рашт худдорӣ меварзанд, зеро ҳарос доранд, ки мавқеъашон метавонад нодуруст талаққӣ шавад.

Ба гуфтаи сармутахассиси шӯъбаи фарҳанги мақомоти вилояти Хайрулло Назруллоев, собиқ мухолифини саршинос дар доираи барномаи баргардони собиқ размандагон ба зиндагии мулкӣ, соҳиби амвол шуда, ба ташаннуҷи авзоъ манфиатдор нестанд.

Вай гуфт, ки мардум даҳшат ва оқибати ҷангро диданд ва ҷонибдори сулҳ ва ҳаёти осоишта ҳастанд.

Вале муовини бахши вилоятии ҲХДТ Абдуласейн Худоиев ташаннуҷи авзоъ дар Раштро хилофи манфиати дохилии кишвар ва кори гурӯҳи саввум мешуморад.

Аммо коршиносон замонат додани президенти кишвар ба собиқ мухолифини ба ҳаёти осоишта баргаштаи минтақа дар яке аз сафарҳояш ба Бадахшон ва дар муддати кӯтоҳ амали гардидани лоиҳаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ ба ифтихори ҷашни Ваҳдатро, ки тавассути он ҳукумат қудрати сиёсӣ ва иқтисодиашро ба намоиш гузошт, аз авомиле мешуморанд, ки ба субот дар минтақа мусоидат кардаанд.
XS
SM
MD
LG