Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд, як сабаби сар задани ҳодисаҳои Рашт то поён ва ба сурати бояд иҷро нашудани шароити Созишномаи умумии сулҳи Тоҷикистон аст. Ӯ имкони ба ин моҷаро кашидани пойи ҲНИТ -ро ғайри мумкин медонад.

Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, аз эҳтимол дур намедонад, ки ҳаводиси Рашт ва ноором сохтани авзоъи ҷомеъа «дасти хориҷӣ» дароз аст. Ба пиндори ӯ, «бозигарони қудратманде» дар атрофи Тоҷикистон ҷамъ омадаанд ва онҳо ҳадаф доранд аз нуқтаҳои заъфи Тоҷикистон истифода кунад. Ва ба эътиқоди раиси ҲНИТ яке аз нуқтаҳои заъф масоили ҳалношуда ва бозмонади ҷанги шаҳрвандӣ ва иҷронашудаи Созишномаи сулҳ аст. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ изофа кард, ки роҳбарияти сиёсии ИНОТ сулҳ бо ҳукуматро дар он солҳо пазируфта буд, вале бархе аз фармондеҳони пешини он ҷанг шароити сулҳро напазируфта буданд.

Аз сӯи дигар, оқои Кабирӣ сару садоҳо дар бораи он ки имкон дорад, дар охири кор ин ҲНИТ низ ба ин қазия кашонида шавадро, рад кард. Вай гуфт, ки боздошти як нафар ва ё ду ва ҳатто се нафар аз ин ҳизб, ки мақомот онҳоро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи мусаллаҳи дар Рашт муттаҳам мекунанд, ба он маъно нест, ки пойи ҳизб ба ин иттифоқ кашонида шавад.


Суханони комили Муҳиддин Кабириро ин ҷо бишнавед:



Кабирӣ: Воқеан мо аз ин ҳаводисе, ки рух дода истодааст хеле нигарон ҳастем ва ҳодисаҳои кушторро маҳкум менамоем. Ва модоме, ки кор ба ин амалиётҳо кашид, пас маълум мешавад, ки роҳи ҳалли дигаре пайдо нашуд.Аз гуфтушунидҳое, ки ахиран мақомоти давлатӣ бо гурӯҳҳои мавҷуд дар Рашт доштанд, ҷомеаи Тоҷикистон умеди бисёр дошт, ки ҳатман ба як натиҷа мерасанд. Вале аз он, ки кор ба хушунат кашид маълум мешавад, ки тарафҳо натавонистаанд эътимоди якдигарро ба даст биёранд.

Озодӣ: Баъзе аз коршиносон мегӯянд, ки дар ин кор «дасти хориҷӣ» дароз аст.

Мо ҳам бар ин назар ҳастем, ки бидуни дахолати хориҷӣ ин кор наметавонист ба ин сурат анҷом бигирад.Ҳатман бозигарони қудратманде дар атрофи Тоҷикистон ҷамъ шудаанд ва онҳо мехоҳанд аз нуқтаҳои заъфи кишвари мо истифода баранд. Ва яке аз нуқтаҳои заъф масоили ҳалношудаи ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки ҳамеша домангири кишвари мо буданд ва хоҳанд буд.

Он масоили бозмонда аз ҷанги шаҳрванди, ки мегӯед чӣ аст?Манзуратон чӣ аст? Чун замони ҷанги шаҳрвандӣ ҲНИТ як тарафи асосии замони даргирӣ буд. Вале то ҷое, ки медонем ҲНИТ ин амалҳоро маҳкум кард ва маълум ҳам нест, ки он гурӯҳҳое, ки ҳоло дар шарқи Тоҷикистон астанд то куҷоаз муқовиматҳои солҳои пешин намояндагӣ мекунанд.

Вақте ки мо ба сулҳ расидем як иддае аз қумандонҳои ду тараф ин сулҳро напазируфтанд, чӣ аз тарафи ҳукумат ва чӣ аз тарафи ИНОТ. Ҳарду ҷониби сулҳкунанда онҳоро маҳкум карданд ва амалҳои онҳоро хилофи созишнома ва ваҳдати миллӣ донистанд. Бояд он вақт намегузоштем, ки камтарин гуруҳ аз ин раванд норозї ва берун шавад. Инак м ебинем, ки гуруҳҳои ҷудошуда аз ҳарду тараф барои кишвари мо ва ваҳдати мо мушкилсозанд. Яке имрўз фаъол асту дигаре дар камин нишаста. ҳарки ба ормонҳо ва талаботи Созишномаи
Сулҳ мухолафат дорад, мо ўро маҳкум менамоем, новобаста аз кадом тараф будан ва ва ҳоло дар куҷо қарор доштанаш.

Озодӣ: Фикр мекунед даргирие, ки дар минтақаи шарқи Тоҷикистон пеш омад давомдор хоҳад буд ё зуд ба анҷом мерасад?

Кабирӣ:
Умеди мо ин аст, ки ин амалиёт зуд анҷом хоҳад шуд ва бо камтарин талафот.

Озодӣ: Мегӯянд, ки дар ниҳояти амр даргириҳо ба пойи ҲНИТ печонида мешавад?

Кабирӣ: Бисёриҳо дар ин бора мегўянд ва менависанд. Ба кассе пўшида нест, ки лаҳни гуфтор ва муносибат ба мавзуъи дин Каме таѓйир кард, вале мо инромуваққатї ва натиҷаи омилҳои мушаххас ин марҳала медонем. Набояд болои ин фазо зиёд таъкид кард. Аҷиб ин аст,ки расонаҳои хабарии кишварҳои ҳамсоя якбора мавзуъи «исломишавии» Тоҷикистонро часпиданд ва онро то ҳаде хангомаву воҳима доранд, ки қариб мо ва худашон ба он бовар намоем. Ин беҳадаф нест ва онҳо донистаанд, ки яке аз нуқтаҳои заъфи мо исломҳаросии баъзе нафарҳост ва дар ин нуқтаи дардманди мо зарбаи бештар мезананд. Бояд гуфт, ки дар тамоми кишварҳои собиқ Шуравӣ нақши дин қавитар мешавад ва аз руйи мушоҳидаҳои мо, Кирғизистон ва Қазоқистон дар ин самт пештаранд. Вале дар Тоҷикистон ба ду сабаб ин раванд ҷилои бештар дорад.

Якум, фаъолияти ҳНИТ ва дуюм иқдомҳои ахири ҳукумат, мисли Соли Имоми Аъзам ва чорабиниҳои гуногуни марбут ба ин мавзуъ. Агар сатҳи диндории мардуми тоҷикро солҳои Шуравӣ бо ҳамсоягонамон муқоиса намоем, бешак мебинем, ки дар онҳо гароиш ба маротиб қавитар аст. Акнун, истилоҳҳои «фундаментализм» ва исломизм» кўҳна шуданд ва барои эҷоди исломҳаросӣ истилоҳи наве лозим аст, ки чанд соли дигар мардумро бо битарсонанд. Ба фикрам, истилоҳи «исломишавӣ» ҷойи онҳоро хоҳад гирифт ва боз чанд соли дигар мавзўъ барои семинару гранту мизи гирдҳо пайдо шуда истодааст. Ин воҳимаҳоро мо бештар дар расонаҳои ҳамсояҳо ва ѓайритоҷикї мебинем. Он раванде ки дар мост, як амри табиист, муҳим он, ки маҷрои он ба таарфи манофеъи миллӣ ва давлатӣ биравад, на ба суйи ифроту тафрит. Намешавад гуфт, ки тақвияти арзишҳои муътадили исломӣ маҳсули амали танҳо як гуруҳ мебошад, масалан, рӯҳоният, ё ҳукумат ё ҲНИТ.

Он ҳодисаҳое, ки дар Рашт мегузарад, ҳеҷ рабте ба раванди тақвияти арзишҳои исломӣ надорад, балки маҳз андешаҳои муътадили исломӣ боис гаштааст, ки доманаи ин ҳодисаҳо паҳн намегардад. Ҳастанд доираҳое, ки мехоҳанд дар муносибатҳои мо бо ҳукумат ҳамеша мушкилӣ вуҷуд дошта бошад ва камтарин мушкилиро дар чашми ҳукумат ва ё мо бузург нишон медиҳанд. Ҳам ҷомеъа ва ҳам ҳукумат медонад, ки ҲНИТ як ҳизби созанда ва амалкунанда дар чаҳорчӯбаи қонун аст ва касе дар фикри кашонидани пойи ҲНИТ ба ин ҳодисаҳо нест. Як мисол меоварам. Қаблан танҳо мансубияти ҳизбии аъзои ҲНИТ-ро ҳангоми гумонбарї ё парванда боз кардан эълон мекарданд ва ин кор дар боздошти яке аз ваилони собиқи мо чанд рўз пеш ҳам рўх дод. Вале, баъдан аз ишора ба мансубияти ҳизбии он кас даст кашиданд, зеро ин кор метавонад бо ҳар ҳизб ё созмони дигар ҳам рух диҳад. Ва дуруст ҳам карданд, чун наметавон барои амали як нафар ҳамаро гунаҳкор донист.

Магар нестанд вакилон ва аъзои дигар аҳзоб, ки гумонбар гаштанд ва ҳатто маҳбус шуданд? Ин тарзи муносибати мақомот моро хушбин мегардонад ва ҳама овозаҳо оиди барномаҳои тарҳрезишуда алайҳи ҳизбро рад мекунад.

Назари мо ин аст, ки дар ин марҳалаи ҳассос аз ҳама гуна айбдоркунӣ худдорӣ кунем ва агар ҳарфи гуфтание ҳам барои якдигар дорем инро бигузорем ба як марҳалаи баъдӣ, ки эҳсосот камтар аст ва битавонем бо роҳҳои дуруст ба якдигар бифаҳмонем. Вақти он расидааст, ки мо бори дигар ба фарҳанги гуфтугӯ ва муколама рӯ биоварем. Мушкили асосии мо дар ҷомеа дар солҳои ахир аз байн рафтани ин фарҳанг буд. Мо ҳама гунаҳкор ҳастем. Фарҳанги гуфтугӯйи солҳои ахир ба вуҷуд омада, ки омили аслии ба ваҳдату сулҳ расидани миллати мо ҳам буд, зайифаш гардонидем ва ҳоло аз якдигар мепурсем, ки чаро ин ҳолат рух дод? Ин ҳолат ба хотири он рух дод, ки мо , яъне касоне, ки даъвои нерӯҳои солим ва созандаи ҷамъият буданро дорем, натавонистем дар атрофи арзишҳои умумӣ даври ҳам ҷамъ оем ва майдони тундгароёни чи динї ва чи дунявї васеъ гашт.

Озодӣ: Манзуратон ин аст, ки бо он гурӯҳҳои ҷангӣ гурӯҳҳое, ки ҳукумат онҳоро террорист мегӯяд мешавад музокира анҷом дод?

Кабирӣ: Манзури ман ин нест. Он аст, ки дар чунин лаҳзаҳои ҳассос дўстро душман нагардонем, нерӯҳои солимро ҳифз кунем. Агар нерӯҳои муътадили динӣ ва дунявӣ тавонанд даври ҳам атрофи манофеи милливу давлатӣ ва арзишҳои муштарак ҷамъ оянд, метавонем пеши роҳи ақалияти тундравро аз ҳарду тараф бигирем. Дар ҳар ҷомеъа муътадилҳо аксарият ҳастанд, вале мушкилиашон дар он аст, ки ташаббускор нестанд ва метарсанд,к и мабодо иштибоҳе кунанду ташаббусашон ба кассе маъқул нашавад. Бурди тундгароён дар он аст, ки ҳамеша ташаббускоранд.

Озодӣ: Ба ҳар сурат роҳи ҳалли муноқишаеро, ки ҳозир пеш омадааст дар чӣ мебинед?

Дар он, ки ин амалиёт ҳарчи зудтар ва бо талафоти камтар анҷом шавад. Мо бояд атрофи марҳалаи баъди ин амалиёт фикр намоем, ки чи тавр ҳамдигарфаҳми ва муколамаро дар дохили ҷомеъа ҳифз намоем. Дуруст аст, ки мушкилоти иқтисодӣ, сиёсӣ, фасод ва ғайра ҳамеша боиси норозигии мардум мегардад, вале бовар кунед, агар бо тоҷик самимона ва аз қалб суҳбат намоед, ҳама чизро таҳаммул мекунад, ҳам хунукиву ҳам гуруснагиро ва ҳам ҳиҷратро.

Маълум аст, ки дар ояндаи наздик мушкилоти иқтисодиву иҷтимоиамон сабук нахоҳанд шуд ва шояд сахттар ҳам шаванд. Вале бо ҳам будану бо ҳам нишастану бо ҳам самимона суҳбат намудан аз дастамон меояд ва бепул ҳам ҳаст. Ақалан инро дошта бошщем. Роҳи дигари пешгирии муноқашаҳо дар оянда вуҷуд надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG