Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии шатранҷбозони тоҷик дар даври сеюми Олимпиадаи ҷаҳонӣ


Дар Олимпиадаи 39-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ханти-Мансийски Русия ҷараён дорад, шатранҷбозони тоҷик дар даври сеюми мусобиқот пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дастаи мардонаи Тоҷикистон тими Тринидад ва Тобагоро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Ҳар чор шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов, Ҷамшед Исоев, Соҳиб Ҷӯраев ва Рашид Ҳусейнов бар рақибонашон ғалаба карданд.

Дастаи занонаи Тоҷикистон бошад, тими Яманро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуд. Марворид Насриддинзода, Надежда ва Лидия Антоноваҳо бар рақибони худ пирӯз шуданд. Вале Мутрибаи Илҳом, ки нахустин бозиаш буд, ноком гашт.

Дар даври чаҳорум дастаи мардонаи Тоҷикистон бо тими Уругвай ва дастаи занонаи кишвар бо тими IBCA рақобат мекунанд.

Олимпиадаи ҷаҳонӣ бо ширкати 146 дастаи мардона ва 114 тими занона аз 151 кишвар дар 11 давр то рӯзи 4-уми октябр идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG