Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон, ки рушди бахши энержиро дар авлавияти барномаҳои давлат қарор додааст, дар садад аст то соли 2013 дар ин бахш беш аз 1 миллиард доллар сармояҳои дохилӣ ва хориҷиро ҷалб кунад.

Сармояи бузург барои бахши энержӣ ихтисос дода шудааст

Ҷамшед Шоимов аз кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлати Тоҷикистон гуфт, ки танҳо сармоягузории давлатӣ дар бахши энержӣ метавонад то соли 2013 аз 1 миллиард доллар бештар бошад.

Ҷаноби Шоимов афзуд: «Дар ҳоли ҳозир дар бахши энержӣ даҳ лоиҳа ба маблағи 670 миллион доллар тасвиб шудааст ва ба наздикӣ қарордоди гранти бар сари 122 миллион доллар бо Бонки осиёии рушд ба имзо хоҳад расид. Сохтмони нерӯгоҳҳо бештар ба бахши сармоягузории мустақим робита дорад. Мисол ширкати «ИнтерРАО-ЕЭС»-и Русия мехоҳад боз як нерӯгоҳ бисозад. Агар дар маҷмӯъ ин маблағҳоро ҷамъ кунем, то соли 2013 наздик ба 1.5миллиард доллар мерасад.»

Дар ҳамин ҳол Анвар Султонов- муовини вазири энержӣ ва санои Тоҷикистон гуфт, ки як бахши ин сармояҳо дар сохтмони хутути интиқоли барқ ва сохтмони нерӯгоҳҳо масраф мешавад.

Вай афзуд : «Ин маблағҳо дар сохтмони хати интиқоли барқи 220 киловолтии Тоҷикитон –Афғонистон, хати 500 киловолтии Тоҷикистон-Қирғизистон-Афғонистон-Покистон масраф мешавад. Боварӣ дорем пас аз ба итмом расидани ин тарҳҳо ва сохтмони нерӯгоҳои Сангтуда-2, Шӯроб, Нуробод-1 ва Нуробод – 2 мо метавонем дар оянда то 3 миллиард киловат соат нерӯи барқро ба хориҷа бифурӯшем».

Ҷаноби Султонов афзуд бахши дигари ин сармояҳо барои таъмиру навсозии шабакаҳои барқи дохилӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои кӯчаки обӣ масраф хоҳад шуд.

Ҷаноби Султонов гуфт: «Дар ин самт барномаи ҷумҳурии Тоҷиккистон оиди то соли 2020 сохта ба истифода додани даҳҳо нерӯгоҳҳои хурд таҳия ва тасвиб шудааст. Дар ин самт вазорати энержӣ ва саноӣ, ҳамчунин ширкати «Барқи Тоҷик» якҷоя бо тамоми ташкилотҳову институтҳои молиявии ҷаҳонӣ кор бурда истодааст».

Бештари сармояҳо дар Роғун масраф хоҳад шуд

Ба гуфтаи Ҷамшед Шоимов аз кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, ба ғайр аз ин сармояҳо, маблағҳои будҷавӣ дар бахши энержӣ низ ихтисос шудааст.

Дар ҳамин ҳол вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфтааст, маблағҳои будҷавӣ, ки то соли 2012 дар бахши энержӣ ихтисос дода шудааст ба 4 миллиарду 510 миллион сомонӣ мерасад.

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, беш аз нисфи ин маблағ, яъне 2 миллиарду 700 миллион сомонӣ барои эҳдоси нерӯгоҳи обии Роғун ихтисос дода шудаст.

Ин дар ҳолест, ки то кунун ягон сармоягузори хориҷӣ ба такмили нерӯгоҳи оби барқи Роғун ҳозир нашудааст ва ҳукумат барои бунёди он ба миқдори беш аз 180 миллион доллар саҳмияҳои худро ба мардум фурӯхтаву беш аз 300 миллион сомонии ин маблағ, яъне тақрибан сеяки он барои гардиш дар ихтиёри 5 бонки тиҷоратии Тоҷикистон қарор дода шудааст то ин маблағҳо қурби худро гум накунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG