Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори омодагиҳо ба музокироти баҳси ҳастаии Эрон


Раҳбарони Эрону Амрико дар сухарониҳои худ дар Маҷмаъи умумии СММ ҷиҳати азсаргирии музокироти баҳси ҳастаии Эрон ҳусни омодагӣ нишон доданд. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, Теҳрон бояд табиати сулҳомез доштани ин барномаҳояшро ба ҷаҳон собит кунад. Ғарб Эронро ба талоши сохтани силоҳҳои ҳастаӣ айбдор, вале Эрон инро радд мекунад. Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, кишвараш ҳамеша барои гуфтугӯ бар пояи ҳусни эҳтиром ва адолат омода ҳаст. Аммо афзуд, шеваи таҳримот Теҳронро маҷбур ба иқдом нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG