Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як наққошии номаълуми Брюгел кашф шуд


Осорхонаи маъруфи Прадо дар Мадрид, пойтахти Испания мегӯяд, барқарорсозони испанӣ як наққошии то ҳол номаълум рассоми шинохтаи асри 16 Питер Брюгелро бо унвони “Мӯйсафед” кашф кардаанд. Дар натиҷаи чанд моҳи корҳои барқарорсозӣ имзои ин рассоми фламандӣ дар наққошие рӯ зад, ки ҳудуди 100 нафарро дар маросими чашидани шароб дар ҷашнворае дар Сан Мартини Ҳоллан тасвир мекунад.
Ин наққошӣ ба як маҷмӯъаи хусусӣ дар Испания таалуқ дошта, соҳибонаш қабл аз фурӯш онро барои барқарор сохтан ба осорхонаи Прадо супурдаанд. Бехабар аз он, ки ин наққошӣ маҳсули қалами Брюгел аст. Осорхонаи Прадо акнун мехоҳад, худ ин наққоширо бихарад, вале мақомот аз ифшои маблағе, ки омода ҳаст барои ин наққошӣ пардохт кунад, худдорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG