Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди генерал Ваҳидӣ аз тасмими Маскав


Вазири дифоъи Эрон Аҳмад Ваҳидӣ тасмими Русия ҷиҳати манъи фурӯши шабакоти дифоъи мушакии S-300 ба Эронро ба боди интиқод кашид. Як рӯз қабл раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дастуре содир кард, ки фурӯши ин таслиҳот ва ҳамчунин тонкҳову ҳавопаймоҳо, киштиҳо ва фанновариҳои мушакии раҳбурдӣ ба Эронро манъ мекунад.
Ин дастур транзити чунин таслиҳот тавассути қаламрави Русия ба Эронро низ манъ мекунад. Русия қарордоди фурӯши мушакҳои навъи S-300 ба Эронро ҳанӯз чанд сол қабл имзо карда буд, вале ба маҳзи эътирози Амрикову Исроил то кунун дар иҷрои ин тавофуқ маътал мекард.
XS
SM
MD
LG