Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози кишварҳо ба суханронии Аҳмадинажод


Ҳайъатҳои Амрикову Бритонё ва дигар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба нишони эътироз ҳангоми суханронии раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод тарки толори иҷлосияи Маҷмаъи умумии СММ карданд. Ин эътироз вақте рух дод, ки Аҳмадинажод дар суханрониаш ҳадс зад, ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 аз ҷониби афроде дар давлати Амрико раҳбарӣ мешуд. Ва ҳанӯз нутқи 34-дақиқаии Аҳмадинажод поён наёфта, намояндагии Амрико дар СММ бо пахши як изҳорот баёнияҳои раҳбари Эронро маҳкум кард ва ин ҳарфҳоро “нафратовар ва бебунёд” номид.
Мақомоти Амрико ҳамлаҳои 11 сентябрро, ки мунҷар ба ҳалокати қариб 3 000 нафар шуд, кори дасти шабакаи Ал-Қоидаи Усома Бин Лоден медонанд.
XS
SM
MD
LG