Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳимояти додгоҳи Аврупо аз Муҳаммадрӯзӣ Искандаров


Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дирӯз бо судури ҳукмаш боздошти раиси феълан зиндонии ҳизби демократи Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар 5 соли пеш дар Русия ва таҳвили ӯ ба Душанберо ғайриқонунӣ донист. Додгоҳ Русияро ба маблағи 30 000 евро ба нафъи Искандаров ҷарима бастааст. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров соли 2005 ба таври мармуз боздошт ва бо ҷароими сирқати моли давлат, терроризм ва таъсиси гурӯҳи мусаллаҳ ба 23 соли зиндон маҳкум шуд.
Тарафдорони ӯ аммо парвандаи Искандаровро сиёсӣ ва худи ӯро маҳбуси сиёсӣ меноманд.
XS
SM
MD
LG