Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбанд: Хоксупории қурбониёни ҳамлаи Камароб


Акси Содиқ Каримов ҳамроҳ бо ҳамхизматҳояш
Акси Содиқ Каримов ҳамроҳ бо ҳамхизматҳояш

11 нафар аз ҷамъи 25 сарбозу афсари кушташудаи вазорати дифоъ дар дараи Камароб сокинони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон буда, ҳафтаи равон дар зодгоҳҳои худ ба хок супурда шуданд.

Сарҳанг Орифов, муовини комиссари ҳарбии вилояти Хатлон, мегӯяд, хабари ҳалокати афсарон ва сарбозоне, ки қурбони ҳамлаҳои террористии 19-уми сентябр дар минтақаи Рашти Тоҷикистон шуда буданд, бахши аъзами сокинони вилояти Хатлонро такон дода, ба пайвандони афроди марҳум арзи тасаллияту ҳамдардӣ мекунанд.

Муовини комиссари ҳарбии Хатлон афзуд, вазорати дифоъ ва ҷузъу томҳои тобеъи ин ниҳод ба хонаводаҳои сарбозону афсарони кушташуда кӯмакҳои моддӣ ва пулӣ ироа кардааст.

Ва аммо Ҳабибулло Каримов, падари сарбози кушташуда Содиқ Каримов, сокини шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, мегӯяд, то ҳанӯз аз сӯйи ҳеҷ ниҳоди давлатӣ хонаводаи ӯ кӯмакҳои молию моддӣ дарёфт накардааст. Вай афзуд, хонаводааш бештар аз кӯмаки молию моддӣ, ба кӯмакҳои равонӣ ва таъзияи раҳбарони низомии писари сарбозаш ниёз дорад.

"Намедонистем, ки Содиқро ба Рашт бурдаанд"

Ҳабибулло Каримов, падари сарбози кушташуда
Содиқ Каримови 22-сола, ба гуфтаи падараш, мебоист пас аз чанд моҳи дигар хидмати низомиро адо карда, ба назди волидон бармегашт. Ҳабибулло Каримов мегӯяд, тахмин мезад, ки шояд писари ӯро низ ба минтақаи Рашт ба мубориза бо гурӯҳҳои созмонёфта мебаранд, аммо интизор надошт, ки кор барои хонаводааш чунин фоҷеабор анҷом мешавад. Вай ҳатто бо шунидани арзи тасаллияти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам тавассути телевизион, ҳанӯз умед дошт, ки писараш зиндаву саломат аст:

«Дар барномаи «Ахбор» таъзияномаи президентро аз худи Амрико, Ню-Йорк пахш карданд, ки ба оилаи сарбозони ҳалокшуда дар Рашт баён шуда буд. Аммо ман бо шунидани ҳамин таъзиянома бисёр нороҳат шудам, ҳарчанд намедонистем, ки Содиқро ба Рашт бурдаанд, аммо дилам хиҷил буд, то саҳар хобам намебурд. Саҳар бошад, ҳамин шумхабарро ба мо расониданд…»

Ҳамроҳ бо Содиқ Каримов як рӯз қабл аз маргаш телефонӣ бародари бузургаш Манучеҳр сӯҳбат кардааст. Вай мегӯяд, ғайричашмдошт бародараш Содиқро, ки дар қисми ҳарбие дар Душанбе, пойтахт, хизмат мекард, ба шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд:

«Тоза аз Маскав, аз муҳоҷирати корӣ баргаштам. Бо Содиқ телефонӣ гап задем. Гуфт, ки маро ба Хуҷанд «перевод» карданд. Насиб кунад, гуфт, моро бояд ба Ғарм ё Тавилдара интиқол диҳанд. Гуфт, «он ҷо душманон ғам дода истодаанд, окоп кардаанд, ки бояд он ҷо равем, «точкамона» бигирем». Лекин гуфт, ки ака, хавотир нашавед, моро баъди 10-15 рӯз мебаранд. Ҳоло дар Хуҷанд машқ мекунем, саломатиам хуб аст, аз вертолет парида истодем, медавем. Гуфт, ки то рафтан ба Ғарм боз занг мезанам. Лекин саҳарӣ ҷасади додарамро ба хона оварданд…»

Содиқ ҷони чанд ҳамхизматашро ҳифз кард

Ҳамроҳ бо Содиқ ҳамсоли дигараш Ҳабибулло, ки дар ҳамсоягиашон дар Сарбанд мезист, низ дар қисми ҳарбие дар Душанбе хизмат мекард. Ҳабибулло, ки ҳамчунон дар дараи Камароб мавриди ҳамлаи гурӯҳҳои мусаллаҳ қарор гирифта, сахт захмӣ шудааст ва ҳоло дар беморхонаи Қарияи Болои Душанбе бистарист, аз қаҳрамониҳои Содиқ Каримов дар рӯзи ҳамлаҳои террористӣ ёдовар мешавад, ки ҷони чанд ҳамхизматашро ба гунае ҳифз кардааст. Аммо ҳоло худи Ҳабибулло имкони сӯҳбат бо расонаҳоро надорад.

Пайвандон ва ҳамсояҳо аз сарбоз Содиқ Каримов ҳамчун ҷавони ихтироъкор, рассоми чирадаст ва ҳунарманд ном мебаранд. Модари Содиқ мегӯяд, қӯмандонҳои писараш ҳам аз хизмати низомии Содиқ қонеъ будаанд. Вай афзуд:

«Писарамро моҳи рамазон ба таътил фиристода буданд, як моҳ ҷавоб дода буданд. Аз Содиқи ман миннатдоранд командирони вай. Занг заданд, ки холаҷон Содиқро роҳӣ кунед, вай одами даркор аст, БТРу танкҳоро таъмир мекунад, заправка мекунад, илтимос вайро ба хизмат роҳӣ кунед. Ман, чи медонам, вайро баъди се рӯзи таътилаш дубора ба аскарӣ фиристодам. Рав, бачам, ба ватан хизмат кун гуфтам. Аз куҷо медонам, ки вай дигар зинда ба ин хона барнамегардад?!»

Содиқ Каримов
"Ӯ бо хоҳиши худ ба хизмат рафта буд"


Бо ин ҳама Хуррам Кокулов, муовини комиссари ҳарбии шаҳри Сарбанд, мегӯяд, дар баробари Содиқ Каримов, ҳамчунин сокини дигари Сарбанд лейтенанти 23-сола Давлатҷон Гиёев дар ҳодисаи рӯзи 19-уми сентябри дараи Камароб ба ҳалокат расидааст. Ин ду нафар ба хизмати ҳарбӣ бо хоҳиши худ ҳозир шуда, аз сарбозону афсарони шуҷоъ ва матин ба шумор мерафтанд.

Дар ҳамин ҳол, созмони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар минтақаи Қӯрғонтеппа мегӯяд, ба мубориза бо гурӯҳҳои тамриндида ва ҳирфаии террористӣ ба минтақаи Рашт фиристодани аскарону афсарони ҷавону нотайёр аз ҷониби вазорати дифоъ амали нодуруст мебошад. Ҳайдар Алиев, раҳбари созмони минтақаии ин ҳизб, гуфт:

«Мо ба ҳирфаияти қӯшунҳои мусаллаҳи кишвар он қадар эътимоди комил надорам. То ҷое, ки мо иттилоъ дорем, дар артиш ҷавонон, сарбозон бо техникаи ҷангӣ хуб шинос карда намешаванд, тайёрии ҳарбиашон заиф аст. Аз ин рӯ, аскарони ҷавонро ба мубориза бо террористони озмоишдида фиристодан усулан дуруст нест…»

Бо ин ҳама, масъулони ниҳодҳои қудратӣ ва низомии вилояти Хатлон мегӯянд, барои мубориза бо гурӯҳҳои ифротгаро ва ҷилавгирӣ аз амалкардҳои террористӣ аз нерӯҳои кофӣ бархурдоранд ва дар сурати зарурат, нерӯҳои изофии инсонӣ ва муҳиммоти дигари ҷангӣ ҳам ба кор бурда мешавад.
XS
SM
MD
LG