Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости лағви дахлнопазирии президенти пешини Молдова


Муфаттишон аз порлумони Молдова лағви дахлнопазирии президенти пешини ин кишвар Владимир Воронинро тақозо карданд, то дар робита ба марги як тазоҳуркунанда ва латукӯби даҳҳо нафари мӯътариз аз тарафи полис ӯро ба ҷавобгарӣ кашанд. Ин дархост дар робита ба таҳқиқи рӯйдодҳои моҳи апрели соли 2009 сар задааст. Он вақт Воронин ҳамчун президент натавонистааст, аз марги як ҷавон дар даргирии тазоҳуркунандагон ва полис пешгирӣ кунад. Бино бар қонунҳои Молдова, масунияти президенти собиқ ва вакилони порлумон бо раъйи аксарияти одии маҷлис имконпазир аст.
XS
SM
MD
LG