Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаммои боздошти "Шогирди Мирзохуҷа Аҳмадов"


Пайвандони Ҳалим Исоев, зодаи ноҳияи Восеъ, ки дар як навори телевизионӣ ҳамчун террорист ва аз шогирдони Мирзохуҷа Аҳмадов ва Аловуддин Давлатов номида шуд, воқеияти ин хабарро шубҳаовар меноманд.

Онҳо мегӯянд, Ҳалим Исоев дар Душанбе зиндагӣ мекард ва ӯ ҳеҷ гоҳ дар водии Рашт набудааст.

Тибқи навори телевизиони давлатӣ, Исоев қасд доштааст, то бо супориши роҳбаронаш дар шаҳри Душанбе даст ба амали терористӣ занад, вале қабл аз содир кардани ин амал ба даст афтодааст.

Дар наворҳо дида мешуд, ки ӯ манзилеро дар Рашт бо ишораи даст нишон медиҳад, ки гӯё ба ӯ ва чанд нафари дигар он ҷо дарсҳои терористӣ гузаронида мешудаст. Ӯ дар ин навор бо ҳарос сӯҳбат мекард ва дар рӯяш осеб дида мешуд.

Ҳалим Исоев 23-уми август, рӯзи фирори 25 маҳбус аз маҳбасхонаи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд.

«Аз Ҳалим чунин интизор надоштем»

Бозор Исоев, амаки Ҳалим Исоев
Бозор Исоев, амаки Ҳалим, сокини деҳаи Лархобии ноҳияи Восеъ мегӯяд, ҳеҷ бовараш намеояд, ки бародарзодааш чунин карда бошад. Ӯ мегӯяд, шунидани чунин хабар тамоми наздиконро дар ҳолати шок қарор додаст, зеро касе аз Ҳалим чунин корҳоро интизор надошт. Ба қавли ӯ наздики се сол боз Ҳалим ба хонаи онҳо наомадааст, аммо тавре аз гуфтаи наздикон медонад, ӯ дар Душанбе зиндагӣ мекард ва ҳеҷ гоҳ дар Рашт набудааст.

Вай афзуд: «Соли 1996 баромада рафта буданд. Лекин аз рӯе, ки ман дида будам, ба Худо қасам, ки ҳеҷ боварам намеояд, ки чунин карда бошад. Шояд маҷбураш карданд, ки чунин гуфт.»

«Ӯ сокини Восеъ нест»

Дар навори телевизионӣ аз Ҳалим Исоев ҳамчун сокини ноҳияи Восеъ ном бурда мешуд. Аммо Сафаралӣ Абдураҳмонов, котиби ҷамоати Тутгараки ноҳияи Восеъ мегӯяд, ин шахс танҳо зодаи ноҳияи Восеъ буда, 17 сол қабл аз деҳаи Лархобии ин ноҳия ҳамроҳи волидайнаш ба Душанбе кӯч бастааст.

Ҷаноби Абдураҳмонов мегӯяд, то ҷое, ки ӯ маълумот дорад, Ҳалим дар оила тарбияи хуб надошта, инчунин падараш қаблан бо ҷурми даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳбасӣ будааст.

Фарзанди «Тағайи риш»

Ӯ мегӯяд: «Ин одамон сокини деҳаи Лархобӣ буданд, локин аз соли 1993 бо ҳамроҳии аҳлу оилаашон ба шаҳри Душанбе рафтаанд. Падараш бинобар даст ба фурӯши маводи нашъаовар задан ба муддати 2,5 сол зиндонӣ карданд . Ӯ соли 2008 аз маҳбасхона озод шуд. Аз ҳамон сол аз қайди ҷамоат баромадагӣ буданд. Падарашро ҳамчуни «Тағайи риш» мешинохтанд.»

Шоми гузашта дар наворҳои телевизионӣ ӯро муҳассили яке аз мактаби пинҳонии омӯзишҳои терористӣ дар води Рашт дониста, изҳор доштанд, ки қасд доштааст, то бо супориши Мирзохуҷа Аҳмадов ва Аловиддин Давлатов (Алии Бедакӣ) дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе даст ба амали терористӣ занад. Номбурда низ дар ин навори телевизионӣ ин гуфтаҳоро иқрор мекард.

Аз боздошти Ҳалим Исоев расо як моҳ сипарӣ гаштааст, вале суолҳо дар мавриди ин ки чаро ҳамакнун боздошти ӯ ба ҳодисаҳои ахирӣ Рашт иртибот дода мешавад, барои аксарият муаммо боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG