Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ба ҳимоят аз сулҳи Ховари Миёна даъват кард


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама имрӯз аз минбари Маҷмаи умумии Созмони Милал сарони ҷаҳонро ба ваҳдат дар атрофи раванди сулҳи Ховари Миёна даъват кард. Вай аз онҳо хоҳиш кард, ки ихтилофоти даҳсолаҳоро дар робита ба низоъ канор гузоранд ва аз сулҳе, ки дар байни исроилиҳо ва фаластиниҳо ба вуҷуд меояд, пуштибонӣ кунанд. Обама ба он таъкид хоҳад кард, ки сулҳро бояд исроилиҳо ва фаластиниҳо ба миён оранд, аммо ҳамаи кишварҳои дигар низ масъулияти хешро дар баробари он иҷро кунанд.
XS
SM
MD
LG