Пайвандҳои дастрасӣ

Бо қатъ шудани тамоси телефонӣ бо мардуми водии Рашт расонаҳои Тоҷикистон ба камбуди иттилои дақиқ дар бораи ҳаводиси ин минтақа мувоҷеҳ шудаанд ва танҳо бо иттилоъи расмӣ иктифо мекунанд. Сафари хабарнигорон ба минтақа низ бо мушкил рӯбарӯ шудааст. Оё ҳадаф чист?

Наргис Ҳамробоева, хабарнигори оҷонсии «Азия-плюс» мегӯяд, иттилоъ аз ин водӣ танҳо аз манбаъҳои расмӣ ва ҳамон ҳам гоҳ-гоҳ аз вазоратҳои қудратӣ мерасад, ки барои қаноат додани хонандагон кифоят намекунад:

«Мақомоти амниятӣ дар қабл на ҳамеша бо рӯзноманигорон боз буданд, бахусус ҳоло, ки силсилаи ҳаводиси муҳим ҷараён дорад шурӯъ аз фирори зиндониён то ба даргириҳои имрӯз дар водии Рашт. Гуфтан мушкил аст. Шояд онҳо ахбори мувассақро ба он хотир пешниҳод намекунанд, ки дар ҷомеа воҳима меуфтад. Ҳар чӣ ба зеҳн меояд, ки чаро онҳо ба якбор пӯшида шуданд».

То дирӯз расонаҳои Тоҷикистон зимни пайгирии ҳаводиси Рашт дар баробари назари мақомоти расмӣ мавқеи ҷониби муқобилро ҳам пахш ва гузоришҳои ботавозун омода мекарданд. Дар баробари иттилои вазоратҳои умури дохилаву дифоъ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, расонаҳо аз фармондеҳони собиқи мухолифини тоҷик Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҳамсангарҳои онҳо низ иқтибос меоварданд. Ҳамчунин расонаҳо бо мардуми мулкии водии Рашт низ ҳамсӯҳбат мешуданд, ки аз нигоҳи коршиносон, як навъ манзараи воқеии ҳаводисро ба вуҷуд меовард.

Ҳарос аз эҳтимоли сензураи расонаҳо

Зафар Абдуллоев, сарвари оҷонси "Авесто"
Зафар Абдуллоев, сарвари оҷонсии «Авесто» мегӯяд, то қатъ шудани тамоси телефонӣ иттилоъ дар бораи ҳаводиси Рашт баробар - 50 ба 50 буд, аммо ҳоло ин тавозун барҳам хӯрдааст. Вай афзуд:

«Бо ин вуҷуд он чӣ имрӯз дар Тоҷикистон мегузарад, далели бармалои озодии сухан дар миқёси ИДМ аст. Масалан, тибқи қавонини Русия сӯҳбат бо мухолифини давлат, ки террорист унвон мешаванд, комилан манъ аст. Аммо ҳанӯз. Баъд аз анҷоми амалиёт оё ҳукумат муносибати худро бо расонаҳо дигар мекунад, маълум нест».

Ҷилавгирӣ аз сафари хабарнигорон


Оқои Абдуллоев дар чунин сафари мустақим ба Раштро ягона илоҷи кор медонад, аммо Оля Тутубалина, хабарнигори «Азия-плюс», ки ҳамакнун аз Ғарм баргаштааст, мегӯяд:

«Он қадар, ки барои ман маълум аст, баъд аз ҳамлаи мусаллаҳона ба мошинҳои нерӯҳои ҳукуматӣ дар Камароб ду гурӯҳи рӯзноманигорон кӯшиши ворид шудан ба маҳалли ҳодисаро карданд, яке К+ Қазоқистон ва дигаре як гурӯҳи телевизионие аз Русия. Ахириҳоро аз Файзобод иҷозаи идомаи роҳ надоданд. Дигариҳоро ҳам ними роҳ баргардонданд. Мо ворид шудем».

Хонум Тутубалина афзуд, вуруди ӯ ва як аккоси ҳафтанома аз он хотир имконпазир шуд, ки онҳо таҷҳизоти зиёд надоштаанд ва ронанда низ бо посгоҳҳо робитаи хуб доштааст.

Раҷаби Мирзо, коршиноси умури матбуот, мегӯяд, ахбори телевизиони давлатӣ дар бораи вазъи Рашт ба ҷои эътимод беэътимодиро ба вуҷуд меорад
Шубҳа аз ахбори телевизиони давлатӣ


Дар ҳамин ҳол, коршиносон бо ишора ба пахши якҷонибаи хабар аз ҷойи ҳодиса мегӯянд, ончӣ телевизионҳои давлатӣ ба мардум пешкаш мекунад, чандон боварибахш нест. Онҳо аз ду сюжети телевизиони давлатии Тоҷикистон, яке суханронии Ҳусниддин Давлатов, бародари Аловуддин Давлатов, сарвари гурӯҳи, ба қавли мақомот, ҳамлавар ба колонаи мошинҳои нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ва дигаре марказҳои тайёрии террористон дар манотиқи таҳти назорати Мирзохӯҷа Аҳмадов мисол меоранд.

Раҷаби Мирзо, коршиноси умури матбуот мегӯяд, ин мавод он қадар ғайриҳирфаӣ буданд, ки ба ҷои эътимод беэътимодиро ба миён овардаанд:

«Ҳолатҳои суолангез зиёд шуданд ва мавзӯъ як қадар доғтар ҳам шуд. То андозае, ки бовари мардум ҳам кост. Дар ҳамин замина муайян кардан душвор аст, ки ё ҳукумат мекӯшад ба ҷомеаи Тоҷикистону ҷаҳон иттилоъи дуруст диҳад ва ё баръакс, бо ироаи иттилоъи зиддунақиз мардумро ба сӯе самт диҳад, ки ҳеҷ кас аслан дарк накунад, ки баҳс сари чист».

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ, бар ин назар аст, ки таҳрифи воқеаҳо метавонад бар зарари худи ҳукумат бошад
Холигоҳи иттилоотӣ ва овозаҳо


Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, сиёсати иттилоърасонии ҳукумат дар бораи ҳаводиси Рашт шояд як шеваи ҷилавгирӣ аз ноамниҳо бар пояи овозаҳо дар ҷомеа ҳам бошад. Ӯ афзуд, иттилоъ бояд ба гунае набошад, ки таҳрифи воқеаҳо бар зиёни худи ҳукумат тамом шавад:

«Вақте манбаъи иттилоъ фақат мақомоти амниятӣ ҳастанд, дар замони муосир саволҳои зиёдро халқ мекунад. Хуб мебуд, расонаҳо худ ба таҳлил вазъ даст зананд, албатта бо назардошти манофеъи миллӣ ва ҳифзи амнияту сулҳу суботи кишвар. Дар он сурат иттилоъ эътимодбахш мешавад. Дар акси ҳол, дар бораи иттилоъе, ки имрӯз пешниҳод мешавад ва ҳам тарзу усули он сӯҳбат кардан мушкил аст».

Баъзе коршиносон ба ҳаққи ҳалоли шаҳрвандон, махсусан волидони аскарҳое, ки ба Рашт фиристода шудаанд, барои гирифтани хабари воқеъбинона аз минтақаи дарагирӣ таъкид мекунанд. Аммо бархи дигар мегӯянд, дар ҳолатҳое мисли ин барои падару модар қабул ва ҳазм кардани иттилоъи "сокитбахш" аз донистани воқеъияти саҳнаи даргирӣ беҳтар аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG