Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабирӣ ба "фарҳанги гуфтугӯ ва муколама" даъват кард


Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси Намояндагон, Муҳиддин Кабирӣ рӯйдодҳои шарқи кишварро ба фармондеҳоне рабт дод, ки созишномаи сулҳи соли 1997-и Тоҷикистонро напазируфтаанд. Вай зикр кард, ки чунин фармондеҳон аз ҳарду ҷониб буданд ва ҳарду тараф онҳоро ҳамчун мухолифони сулҳу ваҳдат маҳкум карданд. Дар мавриди таъсири эҳтимолии низоъ ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кабирӣ гуфт: "Оне ки қисми зиёди онҳо собиқ размандагони Иттиҳоди оппозисюни тоҷик буданд, маънои онро надорад, ки мо хоста ё нахоста, як тарафи сулҳро ба ин қазия бикашонем. Мо бояд дар ин марҳилаи ҳассос аз ҳама гуна айбдоркунӣ худдорӣ кунем ва бори дигар ба фарҳанги гуфтугӯ ва муколама рӯ биёрем." Кабирӣ изҳори умедворӣ кард, ки низоъ дар шарқи кишвар дар мӯҳлати кӯтоҳ ва бо камтарин талафот ба поён хоҳад расид. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бахши умдаи Иттиҳоди оппозисюни тоҷик буд, ки дар соли 1997 бо ҳукумати президент Раҳмон созишномаи сулҳро ба мизо расонд.
XS
SM
MD
LG