Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Аврупо боздошти Искандаровро ғайриқонунӣ донист


Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар ҳукме, ки имрӯз, 23-юми сентябр содир намуд, Русияро дар боздошт ва интиқоли ғайриқонунии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон ба Душанбе гунаҳгор донист. Искандаров аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2005 ба 23 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Дар ҳалномаи додгоҳ гуфта мешавад, ба ин тартиб, Русия ду банди Қатъномаи ҳуқуқи башари Аврупоро вайрон кардааст, ки яке манъи рафтори ғайриинсонӣ ва тавҳиномез ва дигаре ҳуқуқ ба озодӣ ва амният аст.

Ҳамаи доварони Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо аз далелҳое мутақоид шудаанд, ки бино бар онҳо Искандаров ба таври ғайриқонунӣ боздошт шуда, бо ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст.

Ёдовар мешавем, баъд аз боздошти аввал пеш аз 15-уми апрели соли 2005 мақомоти Русия талаби истирдоди ӯро ба Тоҷикистон рад карданд. Сипас Искандаров ба таври мармуз бенишон гашта, пас аз 10 рӯз мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ӯ дар ғаламрави Тоҷикистон хабар доданд. Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо Русияро ба пардохти 30 000 евро ҷарима ва 3 000 евро харҷҳои ҳуқуқӣ маҳкум кард.

Анна Ставитская, вакили дифоъи Искандаров мегӯяд, нафари таҳти ҳимояти ӯ аз сӯи мақомоти Русия ғайриқонунӣ дуздида ва ба ҷониби Тоҷикистон дода шудааст:

«Мо аз қарорҳое, ки дар Русия қабул шудаанд, шикоят дорем, на Тоҷикистон, ки ба Додгоҳи Аврупо ҳеҷ рабте надорад, зеро узви Шӯрои Аврупо нест. Аз ин хотир, мо аз корҳое, ки дар Тоҷикистон гузаштанд, шикоят накардем, балки аз он қарорҳо шикоят кардем, ки дар Русия қабул шудаанд. Русия Конвенсияи ҳифзи ҳуқуқи башар ва озодиҳои асосии Аврупоро ба тасвиб расондааст ва дар қиёс бо Тоҷикистон таҳти ҳимояти ҳуқуқии Додгоҳи Аврупо қарор дорад».



Таърихи боздошти Искандаров


Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро бо дархости мақомоти Тоҷикистон моҳи декабри соли 2004 дар Русия боздошт ва моҳи апрели соли 2005 раҳо карданд. Аммо баъди чанд рӯз ӯ дубора ғайб зад ва ба таври асророомез мақомоти Тоҷикистон аз пайдо ва боздошт ӯ, гӯё дар наздикии Душанбе, хабар доданд.

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров мегӯяд, маъмурони амниятии Русияро ӯро рабуда ва ба мақомоти Тоҷикистон супурданд, ки ин “муносибати ғайриинсонӣ ва таҳвиномез” ва нақзи “ҳуқуқ ба озодӣ ва амният” аст.

Ба гуфтаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ӯ баъди интиқолаш ба Тоҷикистон барои андешаҳои сиёсиаш мавриди таъқиб қарор гирифтааст.

Муроҷиъат ба додгоҳи Аврупо

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар соли 2008 -ум дар робита ба истирдоди мармузи Муҳммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, аз Маскав ба Душанбе ба мақомоти Русия дархост ирсол карда, хостори посух ба ин масъала шуда буд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар иддаъои Русия, ки худро дар ин ҳодиса беҷурм меҳисобад, бебунёд аст, чунки, ба гуфтаи ин ҳуқуқдодон, дар амалиёти рабудани Искандаров на нерӯҳои амниятии Тоҷикистон, балки маҳз Русия иштирок кардаанд.

Искандаров дар ҳайати ҳукумат

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров яке аз фармондеҳони саршинос ва бо нуфузи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди собиқи нерӯҳои мухолифи давлати Тоҷикистон буд, ки дар соли 1997 шароити Сулҳи умумиро пазируфт ва аз муборизаи мусаллаҳона даст кашид.

Ӯ тибқи саҳмияи сидарсадӣ нахуст ба унвони раиси кумитаи умури изтирорӣ ва ба думболи он раиси хадамоти саросарии шаҳрии Тоҷикистон ё "Тоҷиккоммунсервис" таъйин шуд. Ва баъдтан, вақте идораи "Тоҷикгаз" таъсис шуд, Искандаров ба унвони раиси ин идора таъйин гашт.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро, ки раиси собиқи ширкати давлатии “Тоҷикгаз”, раиси кумитаи умури изтирорӣ ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон буд, 5 октябри соли 2005 бо иттиҳоми ғорати амволи давлатӣ, ташкили дастаҳои низомӣ, терроризм, роҳзанӣ ва ғайра ба 23 соли зиндон маҳкум кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG