Пайвандҳои дастрасӣ

Иддаои ҲИУ ба масъулияти ҳамлаи хунин дар Камароб


Шахсе, ки худро Абдуфаттоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҳаракати Исломии Узбакистон унвон мекунад, бо фиристодани наворе ба Радиои Озодӣ, иддао кардааст, ки ин ҷунбиши исломӣ масъулияти ҳамлаи 19-уми сентябр ба корвони артиши Тоҷикистонро дар Камароб, ки ҳаёти 25 сарбози артиши Тоҷикистонро аз байн бурд, бар дӯш мегирад. Ин сухангӯй ҳамчунон гуфтааст, ки дар ин ҳамла як нафар аз пайравони ҲИУ низ ба қатл расидааст. Дар ин навори садо Аҳмадӣ меафзояд, ки гурӯҳи мусаллаҳ миқдори муайяни аслиҳаву лавозимотро ғанимат ва як сарбози артиши Тоҷикистонро ба асорат гирифтааст. Дар поёни навор Аҳмадӣ иддао кардааст, ки гурӯҳи маҳбусони зиндони Кумитаи Амнияти Милии Тоҷикистон, ки шаби 22 август, дастаҷамъӣ фирор карда буданд, сиҳату саломат ба ҷойҳои амн интиқол дода шудаанд. Санҷиши ҳақиқати мансубият ин навор ба намояндаи Ҳаракати Исломии Узбакистон вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG