Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲИУ ҳамлаи Камаробро бар дӯш гирифтааст


Вазорати корҳои дохилии Тоикистон имкони даст доштани Ҳаракати Исломии Узбакистон дар ҳамла ба корвони низомии Вазорати дифои кишварро аз эҳтимол дур намедонад. Сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, гумон меравад, ки ҳамалаи 19 сентябрро ҳамин гурӯҳи терористӣ анҷом додааст.

Субҳи имрӯз шахсе, ки худро Абдуфаттоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҳаракати Исломии Узбакистон унвон кард, бо фиристодани наворе ба Радиои Озодӣ, гуфт, ки ин ҷумбиши исломӣ масъулияти ҳамлаи 19-уми сентябр ба корвони артиши Тоҷикистон дар Камаробро, ки ҳаёти 25 сарбози артиши Тоҷикистонро аз байн бурдааст, бар дӯш мегирад.

Ҳеҷ далели воқеияти ном, вазифаи ва иддаои ин шахс вуҷуд надорад. Ҳамчунон, то кунун ягон манбаи мустақил дар бораи масъулони ҳамла болои корвони низомиёни тоҷик чизе нагуфтааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи имкони ҳузури пайравони Ҳаракати Исломии Узбакистон дар ҳамлаи Камароб чунин посух дод.



Ҳамла ба корвони вазорати дифои Тоҷикистон дар рӯзи якшанбеи 19 -уми сентябр боиси кушта шудани 25 нафар аз сарбозони артиши Тоҷикистон шуд. Мақомот ин иқдомро кори дасти Мулло Абдулло (Абдулло Раҳимов) ва Алии Бедакӣ (Аловуддин Давлатов) аз фармондеҳони собиқи ИНОТ эълон карданд.
XS
SM
MD
LG