Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Отунбоева дар Ню Йорк мулоқот мекунанд


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, қарор аст, рӯзи ҷумъа дар ҳошияи иҷлосияи Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню Йорк, бо раисиҷумҳури Қирғизистон, Роза Отунбоева, мулоқот кунад. Дар ин гуфтушунид Обама мехоҳад, кӯшишҳои тазмини интихоботи озод ва одилона дар Қирғизистон дар моҳи ояндаро баррасӣ кунад. Ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна, Роберт Блейк гуфт, Вошингтон барои ташкили интихоботи озод ва одилона дар 10-уми октябр дар ҳаҷми 5 миллион доллар кӯмак хоҳад кард. Вай изҳори итминон кард, ки бо вуҷуди танишҳои мудаввоми байниқавмӣ интихобот тибқи нақша баргузор хоҳад гашт. Дар зархӯрди аксарияти қирғиз ва ақаллияти ӯзбак дар моҳи июн дар Қирғизистон садҳо нафар кушта ва ҳазорон нафар бехона шуданд.
XS
SM
MD
LG