Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯиқасд ба ҷони ноиби раисиҷумҳури Абхозистон


Ноиби раисиҷумҳури минтақаи ҷудоихоҳи Абхазияи Гурҷистон, Александр Анкваб, бар асари ҳамлаи мушакӣ ба хонаи ӯ шаби гузашта захмӣ шудааст. Пизишкон мегӯянд, захмҳои ӯ марговар нестанд. Раисиҷумҳури Абхозистон, Сергей Багапш гуфтааст, ин ҳамла бо мақсади ноором кардани авзоъ дар кишвараш ба вуқӯъ пайвастааст. Абхазия ва минтақаи дигари Гурҷистон, Осетияи Ҷанубӣ дар оғози солҳои 1990 аз Гурҷистон ҷудо шуданд. Русия ин ду минтақаро пас аз ҷанги панҷрӯза бо Гурҷистон дар моҳи августи соли 2008 ҳамчун давлатҳои мустақил ба расмият шинохт.
XS
SM
MD
LG