Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду корманди полис ва як шаҳрванд дар Доғистон


Мақомот мегӯянд, полиси Русия дар Доғистон ба мошине, ки дар постгоҳ таваққуф накард, оташ кушода, се нафар, аз ҷумла ду корманди фориғ аз кори полисро ба ҳалокат расонданд. Шарҳи расмии воқеа дастрас нашудааст, аммо нозирони маҳаллӣ мегӯянд, аксаран афсарони полис ва ҳарбиён дар қочоқ, одамрабоӣ ва фурӯши силоҳ ширкат мекунанд. Ҷумҳурии Доғистони Русия дар Қафқози Шимолӣ солҳост, бо хушунату инфиҷорҳо ва даргириҳои миёни гурӯҳҳои ҷинову ситезаҷӯён рӯбарӯ мебошад, ки ба Чеченистони ҳамсоя рабт дода мешаванд.
XS
SM
MD
LG