Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори Э.Раҳмон бо ноиби Дабири кулли СММ


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби сафараш ба Ню Йорк, барои ширкат дар Маҷмаи умумии Созмони Милал бо ноиби Дабири кулли ин созмон дар масъалаҳои сиёсӣ, Линн Паскоу, мулоқот кард. Дар ин нишаст вазъи феълии Тоҷикистон ва ҳамчунин таҳдидҳои минтақаӣ бар асари авзоъ дар Афғонистону Қирғизистон ва мушкилоти эҷодкардаи Узбакистон барои ҳамлу нақл ва ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд. Президенти Тоҷикистон бархе аз ин масъалаҳоро дар сухани худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милал, ки ба масъалаи вазъи мубориза бо фақр бахшида шудааст, низ матраҳ кард.
XS
SM
MD
LG