Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Иёлоти Муттаҳида аз тасмими Русия зидди Эрон


Иёлоти Муттаҳида аз тасмими раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, ки дар робита ба таҳримҳои Созмони Милал зидди барномаи ҳастаии Эрон фурӯши мушакҳои дифои ҳавоӣ ва дигар таслиҳот ба Ҷумҳурии Исломиро манъ кард, ҷиддан истиқбол намуд. Дар изҳороти Кохи сафед гуфта мешавад, "Русия ва Иёлоти Муттаҳида дар самти манфиатҳои муштарак ва амнияти ҷаҳонӣ ҳамкории наздик доранд." Русия чанд сол пеш бо Эрон дар бораи фурӯши мушакҳои пешрафтаи С-300 ба созиш расида буд, аммо ин мушакҳо зимни шикояти Иёлоти Муттаҳида ва Исроил ба Эрон дода нашуданд. Бино бар фармони нави Медведев, фурӯши танк, ҳавопаймоҳои ҷангӣ, чархбол, киштӣ ва шабакаҳои мушакӣ низ мамнӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG