Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Билл Гейтс дар саргаҳи номгӯи миллиардерҳои Амрико


Яке аз бунёдгузорони ширкати "Микрософт", Билл Гейтс, бори дигар сарватмандтарин шахси Амрико номида шуд. Маҷаллаи "Форбс" сарвати Гейтсро 54 миллиард доллар тахмин задааст, ки назар ба соли гузашта 4 миллиард бештар аст. Сармоягузор Воррен Баффетт бо 45 миллиард доллар дар ҷои дувум, бунёдгузори ширкати "Оракл", Ларрӣ Элисон, ки гуфта мешавад, 27 миллиард доллар дорад, дар ҷои савум номбар шудааст. Ҷавонтарин сарватманд дар раддабандии пулдорони Иёлоти Муттаҳида Дастин Московитзи 26-сола, асосгузори "Фейсбук" аст, ки моликияташ наздик ба якуним миллиард доллар шумурда шудаанст. Ин номгӯй аз 400 нафар иборат аст, ки зиёда аз 1 миллиард доллар пул доранд.
XS
SM
MD
LG