Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мизони камбизоатиро коҳиш медиҳад


Дар ҳоле, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмаи кулли СММ дар бораи иҷроиши барномаи Рушди ҳазора ва аз ҷумла пешрафту монеаҳо дар ин раванд маълумот медиҳад, дар шаҳри Душанбе нишасте бахшида ба марҳалаи навбатии ин барнома дар Тоҷикистон доир шуд.

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон тасмим дорад, мизони камбизоатиро то 41 дарсад коҳиш дода, амнияти озуқавориро таъмин кунад.
Аз аҳдофи барномаи рушди ҳазора рафъи камбизоатӣ аст

Барномаи рушди ҳазора дар соли 2000-ум дар маҷмаи кулли СММ қабул шудааст, ки ҳадаф аз он рафъи назарраси камбизоатӣ, маълумоти саросарӣ, баробарии ҷинсӣ, беҳдошти кӯдаку модар, мубориза бо Эйч Ай Ви-Спид, ҳифзи муҳити зист ва ҳамкории саросариро дар бар мегирад.

Тоҷикистон яке аз ҳашт кишвари таҷрибавии СММ дар ин барнома ба шумор меравад.

Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳадафҳои аслии инбарномаро дар гуфтугӣ бо РО чунин тавзеҳ дод:

«Ҳадафи аввал пас кардани мизони камбизоати ба хусус камбизоатии шадид аст. Соли 1999 сатҳи камбизоати 83 фоиз буд. Соли 2009 ин мизон наздик ба 47 фоиз расидааст».

Муовини вазир ба кор таъмин кардани мардум ва мусоидат дар муҳоҷирати кориро ҳадафи дигари ин барнома хонд ва гуфт, ки барои расидан ба ҳадафи ниҳои ба ҷои кор таъмин кардани аҳолии Тоҷикистон, мо ба 4 миллиард доллар кӯмак ниёз дорем . Муовини вазир ин ҳадафро чунин тавзеҳ дод :

«Шумораи ҷавонони корӣ ба 138 ҳазор нафар расидааст. Барои ташкили ҷои кори ибтидоӣ на кам аз 700 миллион доллар лозим аст. Аммо барои ҷои кори мураккаб бо омӯзишу тахассус ва таҷҳизот танҳо барои як нафар аз 5 т 135 ҳазор доллар зарур аст. Ва ба ҳамин далел, мо дар ҳали ин мушкил ба созмонҳои сармоягузор муроҷиъат кардем. Зеро шуғл асоси рушди иқтисод аст».

Ҷаноби Назриев ҳадафҳои дигари ин барномаро чунин шарҳ дод:

«Аҳдофи дигар ба таҳсили ибтидоии умумӣ фаро гирифтани аҳолӣ, кам кардани фавти кӯдаку модар ва ҷилавгирӣ ва коҳиши бемориҳои Эйч-Ай-Ви-СПИД, сил ва дигар бемориҳои сироятакунанда аст».

Дар муаррифии ин барнома, соири намояндагонги созмонҳои хориҷӣ аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ , СБП, Созмони ҷаҳонии беҳдошт , барномаи рушди СММ инчунин донишмандон ва коршиносон ширкат доштанд. Дар бахши фаъолияти маориф,тандурустӣ ва ба кор таъмин кардан интиқодҳо сурат гирифт.

Таъмини ба кор дар бахши кишоварзӣ судманд нест

Барои мисол, коршинсони байналмиллалӣ ба кор таъмин кардани мардум бо истифода аз заминро судманд арзёбӣ накардаанд.

Профессор Ҳ.Умаров, ки дар тарҳрезӣ ва пажуҳишҳо дар мавриди ин барнома саҳм дошт, ҳадафи ин интиқодҳоро чунин шарҳ дод:

«Шуғл асоси рушд ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум аст ва ҷойҳои корӣ на дар кишоварзӣ, балки бояд дар бахши саноат, сохтмон , трастпорт, алоқа ва ғайра ташкил шавад. Мо ба ин ҳадафҳо мерасем дар сурате, ки муҳоҷирони кори моҳе ба ҷои 75 доллар 300 доллар ба ватан интиқол диҳанд.»

Ҷаноби Умаров аз афзоиши мизони камбизоатии шадид, ки беш ба 17 дарсад расидааст изҳори ташвиш кард ва аз эҳтимол дур донист, ки давлати Тоҷикистон ба ин ҳадафҳои барнома бирасад . Вай афзуд:

«Ба назари ман, ҳадафи якум нисбат ба камбизоатии шадид ба ҳадафи -4-5-6 нисбати кам кардани фавти модару кӯдак коҳиши бемориҳои сирояткунанда аз ҷумла Эйч Ай Ви-Спид ва сил ва ҳамчунин ҳадафи 7-ум беҳбуди вазъи экологии Тоҷикистон иҷро нашаванда аст. Дар бораи мизони камбизоатии шадид ду рақам, яке 13 дарсад ва бино ба пажуҳиши БҶ ва оҷонси омори назди президенти Тоҷикистон 17,5 дарсад аст. Ва ин масъала рушанӣ мехоҳад.»

Профессор Умаров ба ин далел баид медонад, ки Тоҷикистон то соли 2012 ба ин ҳадафҳо бирасад.

Аммо ба эътиқоди Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, агар рушди иқтисод солона бо он назардоште, ки ба нақша гирифта шудааст рушд кунад, Тоҷикистон ба ин ҳадафҳо хоҳад расид

XS
SM
MD
LG