Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Гусман Косанов дар Қазоқистон ду медал ба даст оварданд.

Ин мусобиқаи анъанавӣ бо ширкати беш аз 200 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва Эрон дар шаҳри Алматӣ баргузор шуд.

Ба иттилои Евгений Шумарин, дабири кулли Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, Фарҳод Қуралов дар давидан ба масофаи 800 метр мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло мукофотонида шуд. Алишер Эшбеков дар гурзандозӣ ҷои дуввумро соҳиб шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Ҳарду донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов мебошанд.

Варзишгарони тоҷик Фарҳод Қуралов (давидан ба масофаи 800 метр), Алишер Эшбеков (гурзандозӣ) ва Аҷмал Амиров ( давидан ба масофаи 5000 метр) дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Узбакистон оид ба варзиши сабук, ки аз 27-ум то 30-юми сентябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG