Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон дар СММ


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар СММ раёсати мизи мудаввари “Дурнамои татбиқи се ҳадафи Конвентсияи биогуногунӣ”-ро бар ӯҳда дошт. Ӯ зимни суханронӣ дар ин нишаст, аз захираҳои саршори табиати Тоҷикистон ёдовар шуд.

Президенти Тоҷикистон дар ин замина афзуд:

“Тибқи арзёбии мутахассисони байналмилалӣ, кишвари мо ба гурӯҳи даҳ маркази ҷаҳонии бойтарини дорои гуногуннавъии биологии набототу ҳайвонот, аз ҷумла растаниҳои сершумори озуқадор, шифобахш, ороишӣ ва ҳайвоноти ваҳшӣ шомил мебошад".

Тоҷикистон соҳиби ганҷинаҳои гании табиӣ

Президети Тоҷикистон дар идомаи суханонаш гуфт: "Кўҳистони Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи ғании генофонди гуногуннавъии биологиест, ки барои эҷоди навъҳои серҳосил ва пойдор барои кишти растаниҳои ороишӣ, маводи табобатӣ, набототи озуқаворӣ ва зотҳои ҳайвонот захираи мусоиди потенсиалӣ мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нақши муҳими кишвараш дар экосистемаи саросарӣ чунин иброз дошт:

“Сарфи назар аз масоҳати нисбатан хурди Тоҷикистон, олами ҳайвонот ва набототи он тақрибан 2 фоизи захираҳои умумиҷаҳонии биологиро ташкил медиҳад”

Таҳдид ба муҳити зист афзоиш ёфтааст


Оқои Раҳмон афзуд, бӯҳронҳои молӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ дар якҷоягӣ бо таъғири иқлим ва афзоиши шумораи аҳолӣ сабаби харобгаштани экосистемаи ҷаҳон шудааст.

Ҷаноби Раҳмон илова намуд, ки омилҳои ин таъсири манфӣ дар мисолӣ Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ эҳсос мешавад.

Ӯ ба аз байн рафтани навъи палангӣ тӯронӣ, қариб ба нисф кам шудани масоҳати ҷангалзорҳо, осебдидани чарогоҳҳои табии ишора кард.

Раиси ҷумҳурӣ Тоҷикистон афзуд, ки даҳҳо намуд ҳайвоноту наботот ба гурӯҳи навъҳои нодир ва нобудшаванда шомил гаштаанд.

Президенти Тоҷикистон ба ҷамъомадагон иттило дод, ки ҳукумати кишвараш барои ҳифзи гуногуннавъии биологӣ, аз рӯи санадҳо ва конвентсияҳои байналмилалӣ амал мекунад ва дар ин самт корҳои бузургеро анҷом додааст.

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки СММ дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои байналмилалӣ, дар Тоҷикистон маркази минтақавии кўҳистонии гуногуннавъии биологиро таъсис диҳад.

Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ Ангес Фог Расмуссен, муовини дабири кулли СММ Лин Паское ва нахуствазири Ҷопон Наото Кан дидору мулоқот кард.
XS
SM
MD
LG