Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил хулосаи коршиносонро радд кард


Давлати Исроил хулосаи гурӯҳи коршиносони СММ дар бораи амалиёти нирӯҳои Исроил алайҳи корвони киштиҳои ҳомили ёриҳо ба навори Ғаза дар моҳи майро бебунёд хонд ва радд кард. Ин гурӯҳи сенафарии Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гуфт, ки Исроил дар ҷараёни ин амалиёт қонунҳои байналмилалиро поймол кардааст. Ин гурӯҳ муҳосираи баҳрии сарзамини фаластиниро низ ба далели вуҷуди бӯҳрони башарӣ дар он рӯзҳо ғайриқонунӣ номид. Амалиёти Исроил алайҳи ин корвони киштиҳо мунҷар ба ҳалокати 8 шаҳрванди Туркия ва амрикоии турктабор шуд. Исроил мегӯяд, сарбозонаш аз худ дифоъ мекарданд.
XS
SM
MD
LG