Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ҳуқуқи башарро шарти ёриҳои Амрико номид


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар рӯзи ниҳоии нишасти Барномаи рушди ҳазорсолаи СММ гуфт, Вошингтон шеваи ёриаш ба кишварҳои фақирро тағйир дода, ба ҷои ироаи кӯмак ба кишварҳои ниёзманд ба давлатҳое дасти ёрӣ дароз хоҳад кард, ки низоми хуби идорӣ, ҳукми қонун ва ниҳодҳои шаффоф доранду ба ҳуқуқи башар эҳтиром мегузоранд: “Ҳадаф аз рушд эҷоди шароитест, ки дигар ниёз ба кӯмак боқӣ намонад. Мо шариконеро хоҳем ҷуст, ки чунин азмро дошта бошанд. Мо дар пайи рушде хоҳем шуд, ки устувор бошад.”
Обама гуфт, кишварҳои дар ҳоли гузор аз ҳоли ҷанг ба сулҳ ва аз низоми худкома ба демократӣ беҳтарин номзадҳо ба кӯмакҳои Амрико хоҳанд шуд. Вале ӯ афзуд, ки Амрико ҳамчунон талош дорад мақоми бузургтарин кишвари кӯмаккунанда ба кишварҳои фақири дунёро барои худ ҳифз кунад.
XS
SM
MD
LG